Паҳподҳои Anka-и Туркия, ки ба Қазоқистон содир мешавад, аз ин пас дар ин кишвар ба таври муштарак тавлид хоҳанд шуд.
Ширкати саноеъи ҳаво ва фазонавардии Туркия “ТUSASH” дар иттилоияе бо эъломи имзои як тафоҳумномаи ҳамкории ҷадид бо ширкати “Инҷиниринг”-и Қазоқистон дар заминаи тавлиди паҳподи “Anka” эълом кард: Паҳподҳои Anka дар ин кишвар ба таври муштарак тавлид хоҳад шуд. Ҳамчунин дар заминаи нигаҳдорӣ ва таъмири интиқоли фановарӣ низ яке дигар аз мавриди ин ҳамкорӣ аст.
Ба ин тартиб Қазоқистон нахустин пойгоҳи бурунмарзии тавлиди ин паҳподи Туркия хоҳад буд. Ҳамчунин эълон шудааст дар ростои тарбияти манобеъи инсонии муносиб ва тавсеаи зарфияти ин кишвар барои тавлиди паҳпод гоми муҳимме бардошта шуд.
Тамил Котил, мудириомили ТUSASH дар ин иттилоия бо ибрози хушҳолӣ аз имзои тафоҳумнома бо ширкати қазоқистонӣ эълом кард: Мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтани ин паҳподи миллӣ тавассути кишварҳои хориҷӣ мояи ифтихор аст. Ин тафоҳумнома зимни эҷоди заминаи мушорикат дар густариши зарфияти санъати дифоъӣ ва ҳавонавардии минтақа, муносибати тиҷорӣ ва дӯстона бо кишвари дӯст ва бародар Қазоқистонро низ тақвият хоҳад кард.