Рубрики Хабарҳо

Зуҳури вируси нав дар Чин

Вируси дигаре дар Чин зуҳур кардааст. Вируси корунои нави чинӣ, ки дар бозори яклухтфурӯшӣ дар Пекин пайдо шудааст, эҳтимол аз оне, ки дар Вуҳан пайдо шудааст, бештар сироятовар аст. Дар ин бора Ян Чжнзюй, профессори Пажӯҳишгоҳи вирусологияи Донишгоҳи Вуҳан ба Оҷонсии иттилорасонии Русия “Новости”   иттилоъ додааст.

Ян Чжнзюй гуфтааст, ки бо мурури замон вирус таҳаввул меёбад ва хусусиятҳои он тағйир меёбанд. Ба ақидаи ӯ, вируси нав, ки дар пойтахти Чин пайдо шудааст, бештар сироятовар аст.

Бо вуҷуди ин, мутахассис қайд кардааст, ки ҳоло дар Пекин дамои баланди ҳавои тобистон муқаррар шудааст ва он ба паҳншавии ин беморӣ мусоидат намекунад. Дар Чин, инчунин, механизмҳои муассири мудофиа таҳия карда шудааст, ки бо вирус бомуваффақият мубориза мебаранд.

Қаблан, дар яке аз калонтарин бозорҳои яклухтфурӯшии Синфади Пекин як вируси коруно кашф шуда буд. Менеҷери бозор гуфт, ки SARS-CoV-2 дар ҷое ёфт шудааст, ки барои тақсими озодмоҳии воридотӣ истифода мешавад. Маълум шуд, ки моҳии сироятшуда ба ин бозор аз бозори пӯшидаи баҳрии Сзингшэн ворид шудааст, ки дар он ҷо авҷи вирус қаблан муайян шуда буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *