Дар гузориши нави «Шохиси ҷаҳонии сулҳ-2022» мақоми Тоҷикистон беҳтар шуда, аммо Русия дар қатори ноамнтарин кишварҳои ҷаҳон ҷой гирфитааст. Ин радабандӣ Тоҷикистонро миёни 163 кишвар дар мақоми 92 ҷой додааст, ки нисбати соли қабл 5 зина болотар аст.
Русия дар радабандии “Шохиси ҷаҳонии сулҳ-2022”дар қатори 10 кишвари ноамнтарини дунё ҷой дода шудааст. Ин кишвар дар мақоми 160 ҷой қарор гирифта, ки поёнтар аз он ианҳо Сурия, Яман ва Афғонистон дида мешаванд. Мақоми нисбатан мӯътадили Тоҷикистону ноамнтарин кишвар хонда шудани Русия дар ҳолест, ки дар соли 2022 беш аз 140 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд. Ҳазорҳо хонаводаи тоҷик дар соле, ки Русия вориди ҷанг бо Укроин шудааст, сукунат дар ин кишварро бар сукунат дар ватани худашон тарҷеҳ додаанд.
Тибқи додаҳои Вазорати дохилаи Русия, ҳар рӯз беш аз 400 тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия мешавад.
Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар «Шохиси ҷаҳонии сулҳ» Узбекистон дар зинаи 86, Қирғизистон 91, Қазоқистон 97 ва Туркманистон дар мақоми 104-ум қарор доранд.
«Шохиси ҷаҳонии сулҳ» аз тарафи Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ таҳия шуда, вазъияти амният дар 163 кишвари ҷаҳонро арзёбӣ мекунад.
Бар асоси ин гузориш, Исландия оромтарин кишвари ҷаҳон муаррифӣ шудааст. Дар даҳгонаи амнтарин кишварҳои ҷаҳон, Зеландияи Нав, Ирландия, Дания, Австрия, Португалия, Словения, Чехия, Сингапур ва Ҷопон ҷой дода шудаанд.
Муаллифони гузориш гуфтаанд, Афғонистон ҳамчунон ноамнтарин кишвари ҷаҳон боқӣ мемонад. Шаш соли ахир номи Афғонистон пайиҳам дар ин шохис дар мақоми охир қарор дорад.