Бозори амволи ғайриманқул, ба хусус манзил ва нақлиёт дар Тоҷикистон вориди бӯҳрон гаштааст. Дар қиёс бо ба ҳамин давраи соли 2019, фурӯши хонаву мошин дар кишвар бо шиддат поин рафтааст.
Тибқи иттилоъи хабаргузории “Авесто” бо истинод ба ожонсҳои амволи ғайриманқул ва фурӯшандаҳо, суқути бозори амволи ғайриманқул аз аввали соли ҷорӣ ба назар расида, боиси поён рафтани қимати манзил ва нақлиёт дар кишвар шудааст. Агентиҳои манзил ва фурӯшандаҳои нақлиёт сабаби поёнравии талаботро таъсири бӯҳрони бавуҷудомада аз вируси коруно медонанд.
Тибқи иттилоъи манбаъ ба маротиб аз талабот бештар будани пешниҳод дар бозорҳои хонаву мошин аст, боиси поён рафтани қимати онҳо шудааст. Барои мисол як метри квадратии хонае, ки қаблан дар маҳаллаҳои Душанбе $1000 қимат дошт, ҳоло аз $600 то $850 поён рафтааст.
Воридкунандаҳои мошин ҳам гуфтаанд, ки шумори харидорони воситаҳои нақлиёт ҳам ба маротиб камтар шуда, нархи онҳо дар ҳаҷми назррасе суқут кардааст.
Ба навиштаи хабаргузорӣ, бештари додугирифтҳо дар бозори нақлиёт бо усули бартер (ивази мол бо мол) сурат мегирад.
Тибқи омори расмӣ, воридоти васоити нақлиёт дар январ-феврали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 $4,5 млн. ё 9,1% камтар шуда $45,4 млн.ро ташкил додааст.