Ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии»-и Русия ба иҷрои парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон оғоз бахшида, рӯзи 24 ноябр аввалин парвоз анҷом дода шуд. Фурӯши билет ба хатсайрҳо озодона тариқи ҳамаи хазинаҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон амалӣ мешавад.
Тавре ба “Азия-Плюс” дар яке аз хазинаҳои билетфурӯшии пойтахт хабар доданд, арзиши билетҳои ширкат ба парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия аз 6 ҳазору 700 сомонӣ сар шуда, то ба 9 ҳазору 800 сомонӣ мерасад.
Дар намояндагии ширкати ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки билет ба хатсайрҳо озодона дар нуқтаҳои фурӯши билетҳои ҳавопайоӣ фурӯхта шуда, аз онҳо метавон билет харид.
Дар ширкат аз шарҳи масъалаи нархи баланди билетҳо худдорӣ варзида, зикр карданд, ки онҳо ба муайян кардани нархи билетҳо ҳеҷ муносибате надоранд.
“Мо ба иҷрои парвоз тариқи хатсайр, саривақт сурат гирифтани он ҷавобгӯ буда, ба муқаррар кардани арзиши билетҳо ҳеҷ муносибате надорем”, — гуфтанд дар намояндагии ширкат.
Ҳамчунин зикр шуд, ки онҳо аз масъалаи аз ҷониби ширкати ҳавопаймоӣ чӣ қадар муқаррар шудани нархи билет ба ин хатсайрҳо огаҳӣ надоранд.
Дар ҳамин ҳол, дар яке аз нуқтаҳои фурӯши билет дар Душанбе ба мо хабар доданд, ки нархи билет ба талаботи мусофирон вобаста аст.
“Агар талабот ба билет зиёд бошад, табиист, ки нархҳо баланд мешаванд ва баръакс, агар кам бошад, паст мешаванд. Ба парвозҳои наздики ширкати «Уральские авиалинии» бо хатсайри Душанбе – Маскав нархи билет аз 9 ҳазор сомонӣ оғоз мегардад. Масалан, дар хатсайри дирӯза баъзе мусофирон билетро бо нархи 9 ҳазору 800 сомонӣ хариданд. Агар шумо билетро ба хатсайри Душанбе-Маскав ба 6 ё 12 декабр фармоиш диҳед, нархи билетҳо аз 8 ҳазору 300 сомонӣ ва ба хатсайри Душанбе-Самара аз 6 ҳазору 800 сомонӣ сар мешавад”, — қайд карданд дар нуқтаи билетфурӯшӣ.
Ба хатсайри Душанбе-Санкт-Петербург нархи билетҳо аз 7 ҳазору 500 сомонӣ, Душанбе-Қазон – 6 ҳазору 800 сомонӣ ва Душанбе-Красноярск – аз 6 ҳазору 700 сомонӣ оғоз мегардад.
Дар нуқтаи билетфурӯшӣ огоҳ карданд, ки нархи билетҳои ҳавопаймоӣ метавонад дар муддати як соат ва ҳатто як дақиқа тағйир ёбад.
Қобили зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» ҷиҳати анҷоми парвозҳои чартерӣ аз се шаҳри Тоҷикистон – Хуҷанду Душанбе ва Кӯлоб ба Русия иҷозатномаи ҳукумати Тоҷикистонро дарёфт намуд