11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Диего Марадона даргузашт (навор)

Диего Армандо Марадона, устураи футболи Аржентин ва ҷаҳон даргузашт. 

Марадона қаблан ба далели лахт шудани хун дар мағзаш дар бемористон бистарӣ ва ҷарроҳӣ шуда ва ҳафтае пеш аз бемористон мураххас гардид.

Тими миллии Аржентин дар соли 1986 бо капитании Марадона қаҳрамони ҷаҳон шуда буд. Намоиши Марадона дар он ҷоми ҷаҳонӣ яке аз баёдмондатарин лаҳзаҳои таърихи футболро рақам зад, ба хусус ду голе, ки ба тими миллии Англия зад.

Марадона дар он мусобиқа як голро бо даст вориди дарвозаи ҳариф кард, ки бо “дасти Худо” маъруф шуд. Голи дуввуми Марадона, ки пас аз гир додани бисёре аз бозингарони Англия ба самар расид, ба эътиқоди бисёре аз алоқамандони футбол зеботарин голи ҷоми ҷаҳонӣ аст.

Марадона дар даврони бозӣ собиқаи ҳузур дар бошгоҳҳои мухталифе монанди “Барселона” ва “Наполи”-ро дар корнома дошт.

Муввафақтарин даврони варзишии ӯ дар бошгоҳи “Наполи” буд, ки ҳамроҳ бо ин тим қаҳрамони Итолиё ва Аврупо шуд. 

Диего Марадона пас аз анҷоми даврони бозӣ ба мураббигӣ рӯ овард, аммо натавонист муваффақиятҳои дурахшони даврони бозиро такрор кунад. Охирин ҳузури Марадона ба унвони мураббӣ рӯи тими “Химнасия ва Эксгрима” аз Ла-Платаи Аржентин буд.

Ин шашумин таҷрибаи Марадона ба унвони мураббӣ гардид. Аз соли 2008 ба муддати ду сол сармураббии тими милли Аржетин низ буд ва ин тимро ба як чаҳоруми ниҳоии ҷоми ҷаҳон дар соли 2010 дар африқои Ҷанубӣ расонд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *