Рубрики Хабарҳо

Омор: Ҷамъияти Тоҷикистон ба 9,5 млн наздик шудааст

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кард, ки теъдоди ҷамъияти Тоҷикистон ба 9 миллиону 444 ҳазору 250 нафар расидааст.

Ба гузориши сомонаи ин ниҳод, дар 10 моҳи гузаштаи имсол аҳолии кишвар бо рушди беш аз 2 дарсадӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба 9 миллиону 444 ҳазору 250 нафар расидааст.

Бар асоси ин гузориш, 3 миллиону 400 ҳазор нафар аз ҷамъияти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, 2 миллиону 700 ҳазор нафар дар вилояти Суғд, 2 миллиону 200 ҳазор нафар дар ноҳияҳои тобеи марказ, 230 ҳазору 500 нафар дар вилояти Бадахшон ва 871 ҳазор нафар дар шаҳри Душанбе сукӯнат доранд.

Дар соли 2019 Бонки Ҷаҳонӣ рушди сареъи ҷамъияти Тоҷикистонро, ки бо барномаи эҷоди шуғлу коҳиши фақр дар кишвар таносуб надорад, ҳамчун бомби соатӣ дониста буд.

Аз нигоҳи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ акнӯн, ки аз се як ҳисса аз ҷамъияти беш аз 9 миллионнафарии Тоҷикистонро наврасони то 14 сола ташкил медиҳанд ва барномаи муҳоҷирати нерӯи корҷӯёни кишвар ба хориҷ ҳам душвор шудааст, мақомоти Душанбе бояд дар фикри танзими рушди аҳолӣ бошанд.

Ба гуфтаи коршиносони умӯри ҷамъият, дар соли 2023 аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар хоҳад расид.

Дар соли 1991 аҳолии Тоҷикистон 5 миллиону 400 ҳазор нафар буд.

Тоҷикстон аз назари рушди аҳолӣ байни Иттиҳоди давалтҳои мустақил дар ҷои аввал меистад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *