Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки пандемия ба иқтисодиёти Тоҷикистон латмаи сахт мезанад ва сатҳи камбизоатиро афзун мекунад
Иқтисоддонҳо афзоиши сатҳи камбизоатиро ҳатто дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ пешгӯӣ мекунанд.
Хабаргузории Sputnik Тоҷикистон менависад, маълумотҳоро дар тӯли 30 соли ахир ҷамъ овардааст то нишон диҳад, ки чӣ гуна омилҳои асосии иқтисодӣ ва сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ тағир ёфтааст.
Ба иттилои манбаъ, аз соли 1995 инҷониб Тоҷикистон ба таври назаррас афзоиши ММД-ро ба ҳар сари аҳолӣ нишон додааст: то соли 2015 ин рақам ба 921 доллар афзоиш ёфт.
Инчунин, қабл аз пандемия, Тоҷикистон музди миёнаи меҳнатро афзоиш дод, аммо дар соли 2020 пардохтҳои миёнаи моҳона бинобар ихтисори кормандон ва аз ҳисоби коронавирус коҳиш ёфтанд.
Фоизи камбизоатон дар кишвар ҳар сол коҳиш меёбад: дар тӯли 10 сол шумораи онҳо 10 дар сад коҳиш ёфт.
Агар вазъро дар минтақаҳо ба назар гирем, пас вазъ дар Душанбе ва вилояти Суғд беҳтар аст. Бадтарин ҳолат дар вилояти Хатлон аст: ҳиссаи камбизоатон дар он ҷо 32,8 дар сад -ро ташкил медиҳад.
Дар рейтинги байналмилалии камбизоатӣ, Тоҷикистон дар байни 191 кишвар дар мақоми 157-ум қарор гирифтааст.