Рубрики Хабарҳо

Сокинони Осиёи Миёна серобтаринанд

Дар гузориши нави Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ гуфта шудааст, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ нишондиҳандаи баландтарини об ба ҳар сари аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст.

Захираҳои оби нӯшокӣ дар сайёра бо ҳисоб ба ҳар сари аҳолӣ тайи 20 соли ахир беш аз 20 дар сад кам шуданд. Коршиносон зарурати идоракунии бештар пурсамари захираҳои обиро таъкид мекунанд.

Тсюй Дунъюй, роҳбари  Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегуяд, “Гузориш бонги изтироб аст. Барои ҳалли мушкилоти норасоии об дар бахши кишоварзӣ ҳарчи зудтар қабул кардани тадбирҳои қатъӣ лозим аст”.

Коршиносон қайд мекунанд, ки барои идоракунии пурсамари захираҳои обӣ, аз ҷумла ҷорисозии кишти зироати ба хушкӣ тобовар, истифодаи технологияҳои навтарин дар соҳаи аграрӣ, таҷдиди низомҳои обёрӣ ва ҷорӣ намудани квота ба об пешбинӣ шудааст.

Тибқи маълумоти коршиносони байнулмилалӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ ба 10-гонаи пешсафони истеъмоли об дар ҷаҳон дохиланд: Туркманистон дар як сол 5 319 м3 об истеҳсол мекунад.  Қазоқистон 2 345 м3/ дар як сол, Ӯзбекистон2 295 м3/дар як сол, Қирғизистон 1 989 м3/ дар як сол, Тоҷикистон 1 895 м3/дар як сол. Дар Русия ин нишондиҳанда тақрибан 0,4 ҳазор м3/ дар як солро ташкил медиҳад.

Истеъмоли сатҳи баландтарини об дар муқоиса бо захираҳои барқароршавандаи худии об барои кишварҳои Ховари Миёна хос аст.

Дар кишварҳои паҳнои пасошӯравӣ бошад, боз ҳам кишварҳои Осиёи Марказӣ пегшсафанд.

Гуфта мешавад, барои гирифтани як воҳиди маҳсулот дар бахши кишоварзии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 1,5 то 3 баробар бештар нисбат ба кишварҳои рушдёфта об сарф мешавад.

Имрӯз дар хоҷагии оби Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ дар заминҳои кишти обёришаванда ва дар энергетика 92 дар сад ва дар саноату хоҷагии коммуналӣ — 4дар сади ҳаҷми оби истеъмолшаванда харҷ мешавад.

Дар Тоҷикистон мушкилот дар таъминот бо об низ ба қайд гирифта шудааст.

Ҳудуди 58дар сади аҳолии ҷумҳурӣ ба об дастрасӣ надоранд. Баъзе аз қисмати аҳолӣ то ҳол ба оби кашонидамешуда вобастаанд. Ҳудуди 30 дар сади шабакаҳои обрасонии кишвар бо сабабҳои гуногун кор намекунанд. Фарогирии аҳолӣ бо шабакаи обу корез наздики 23 дар садро ташкил медиҳад, аз ҷумла 89 дар сади аҳолии шаҳрҳо ва 10,1дар сади  аҳолии шаҳрак ва марказҳои ноҳия.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *