Парлумони Тоҷикистон таҳияи тарҳи қонуни муҷозоти зиндон барои мардонеро, ки занони хешро аз тариқи ирсоли паёмаки телефонӣ талоқ медиҳанд, ба поён расондааст.
Дар сурати тасвиби ин қонун мардоне, ки бо ирсоли паёмак занони хешро талоқ медиҳанд, аз 3 то 5 сол ба зиндон маҳкум хоҳанд шуд.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси қонунҳои феълии Тоҷикистон талоқи паёмакии занон мамнӯъ мебошад.
Аммо дастандаркорони ин қонун мегӯянд, ки теъдоде аз шаҳрвандони ин кишвар пас аз рафтан ба Русия барои кор бо ирсоли паёмак ба занони хеш, талоқи ҳамсаронашонро эълон мекунанд, ки ба мушкилоти мухталифи иҷтимоӣ ҳамроҳ мебошад.
Масъулони кумитаи умури хонавода ва ҳифзи саломатии модару кӯдак дар маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯянд, ки дар соли 2019 дар кишвар 12 ҳазору 500 мавриди талоқ сабт шудааст, ки дар соли 2018 ин нишондиҳанда 10 ҳазор маврид буд. Аз ин рӯ барои боло бурдани эҳсоси масъулияти ҷавонон дар қиболи хонавода бояд ин қонун тасвиб шавад.
Аз сӯи дигар Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон низ ҷонибдори тасвиби ин қонун мебошад ва мегӯяд, ки ҳамасола беш аз 100 мавриди ҷанҷол бар сари талоқҳои паёмакиро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.