Як сокини 54 солаи Душанбе бинобар хондани намозе, ки аз мазҳаби ҳанафӣ тафовут доштааст, узви “Созмони Салафия” хонда шуда, ба зиндон маҳкум шудааст.
Ин намозгузори масҷиди “Ҳоҷӣ Миралӣ”-ро, ки аз ӯ Бахтиёр Игамбердиев ном бурда мешавад, имоми ҳамин масҷид ба Кумитаи амният “супоридааст”. Имом гӯё мушоҳида кардааст, ки намозгузории Бахтиёр хилофи мазҳаби ҳанафӣ аст ва аз ин “ҷиноят”-и ӯ ба КДАМ хабар додааст.
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Игамберидевро тибқи моддаи 189-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ ва ё маҳалгароию динӣ) гунаҳкор дониста, ӯро ба се соли зиндон мақкум кардааст. Дар ҳукмнома, чуноне ки хабаргузори “Азия Плюс” хабар медиҳад, зикр шудааст, ки ин мард гӯё дигаронро ҳам ба хондани ин гуна намоз тарғиб мекардааст. Ҳамин кори ӯро додгоҳ барангехтани кинаи динӣ ҳисобида, ӯро маҳкум ба ҳабс кардааст.
Тазаккур медиҳем, ки сар аз моҳи октябри соли ҷорӣ, тибқи як фармони раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, дар тамоми масоҷиди пойтахт дурбинҳои назоратие насб шудаанд, ки мустақиман ба як марказ — масҷиди марказии Душанбе пайваст шудаанд.