ИМА алайҳи Қирғизистон, ки ба Русия таҷҳизоти таҳримшуда ва электроника бозсодирот (реэкспорт) мекунад, таҳримҳо омода мекунад.
The Washington Post бо истинод ба манбаъҳо, менависад масъулини маъмурияти Байден мегӯянд, ки онҳо аз нақши Қирғизистон нигаронанд. Имрӯз дар он ҷо корхонаҳои сершумор ҷойгиранд, ки ба як канали интиқоли молҳои ғарбӣ ва осиёӣ табдил ёфтаанд, ки Русия онҳоро қонунан аз дигар ҷойҳо дастрас карда наметавонад.
Ба навиштаи нашрия, пас аз чанд моҳи боздиди бенатиҷаи дипломатҳои амрикоӣ ва аврупоӣ аз Бишкек, пойтахти Қирғизистон, маъмурияти Байден таҳримҳои иқтисодӣ омода мекунад, то ба ин кишвар фишор оварад, ки тиҷорат бо Русияро қатъ кунад.
Ду мақоми амрикоӣ, ки нахостаанд номашон ифшо шавад, изҳор доштанд, ки таҳримҳо ё рӯйхати сиёҳи ширкатҳое, ки дар қонуншиканӣ муттаҳам мешаванд, дар ҳафтаи ҷорӣ омода мешаванд.
«Қирғизистон дар қиёс бо дигар кишварҳои дигар кӯчак ҳам бошад, намунаи равшани он аст, ки чӣ гуна барои фароҳам овардани муҳити мусоид барои фирор таҳримҳо ҳама омилҳоро омода мекунанд» — навиштааст нашрия.
Оморҳои тиҷории дар дастраси омма қарор дошта ҳаҷми бозори сояии Қирғизистонро нишон медиҳанд. Оморҳо ҳамчунин нишон медиҳанд, ки ҳаҷми умумии содироти Қирғизистон ба Русия дар соли 2022 нисбат ба соли қаблӣ то ҳамла ба Укроин 250% афзоиш ёфтааст.
Баъзе молҳо, аз қабили объектҳои оптикиро, қаблан Қирғизистон ҳеҷ гоҳ ба Русия содир накардааст.
Оморҳои тичоратӣ инчунин аз сатҳи болои ҳамкорӣ бо Маскав дар бахши харидии махсулот шаходат медиханд. Сабтҳо нишон медиҳанд, ки дар моҳҳои феврал ва март ширкатҳои қирғизӣ аз ширкатҳои чинӣ ва Кореяи ҷанубӣ таҷҳизоти ҳассос, аз ҷумла нимноқилҳои махсус ва афзояндаи шиддат ба маблағи садҳо ҳазор доллар харидорӣ кардаанд.
Ҳуҷҷатҳо нишон медиҳанд, ки дар ҳамин давра аз Қирғизистон ба Русия тақрибан ҳамин миқдор ҳамон навъи электроника содир шудааст.
Як мақоми баландпояи амрикоӣ гуфт, ширкатҳои русие, ки молро дарёфт кардаанд, дар аксари мавридҳо таъминкунандагони маъруфи саноати дифои Русия буданд.
Мутобиқати ошкори муомилоти тарафи сеюм кори хадамоти истихбороти Русия арзёбӣ мешавад, ки ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ ҳоло бевосита дар нақшаҳои рафъи таҳримҳои иқтисодӣ даст доранд.