Рубрики Хабарҳо

Асъор ва иқтисод 04.12.2020

Нархи арз

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 4 декабр эълон кардааст

Дар Тоҷикистон пас аз як моҳи эътидол, қурби пули миллӣ — Сомонӣ боз ба пастравӣ шурӯъ кард, ки ҳоло коҳиши қурби расмии сомонӣ нисбати евро ва рубли русӣ ба назар мерасад. Як ҳафта пеш дар марказҳои мубодилаи асъор як евро ба маблағи 13 сомониву 44 дирам харидорӣ мешуд, дар сурате, ки имрӯз 4 декабр  хариди 1  евро 13 сомониву 73 дирамро ташкил медиҳад. Дар ин давра қурби рубли русӣ низ боло рафт. Ҳоло ҳазор рубли русӣ 150 сомониро ташкил медиҳад. 27 ноябр, ҳамагӣ як ҳафта пеш ин нишондиҳанда барои 1000 рубл 148 сомонӣ буд.

Як моҳ пеш (4 ноябр) қурби расмии доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон нисбат ба пули миллии сомонӣ қариб 1 сомонӣ афзуда, 11 сомониву 30 дирамро барои 1 доллар ташкил дод.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки қурби сомонӣ нисбати доллар 6,7 дар сад коҳиш ёфта аз 9 сомониву 69 дирам барои як доллар дар аввали сол то 30 октябр ба 10 сомониву 33 дирам барои як доллар расид. Бо таъсири омилҳои беруна, фарқи байни қурбҳои расмӣ ва ғайрибонкии сомонӣ нисбати доллари Иёлоти Мутаҳидаи Амрико 2 дар садро ташкил дод ва коҳиш ба 9,3 дар сад расид.

Дар робита ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади паст кардани фишори қурб, таъсири хавфҳои асъорӣ ва бартараф намудани фарқияти қурбҳои расмӣ ва ғайрибонкӣ ислоҳи яквақтаи қурби расмиро анҷом дод ва ба ин тартиб қурби расмии 1 доллари ИМА барои 1 доллар  11 сомониву 30 дирамро ташкил дод.

То ҳол дар бонкҳои ҷумҳурӣ норасоии доллар боқӣ мондааст. Дар бонк  на бештар аз 200 доллар иваз кардан мумкин аст  ва  ҳамин ҳам агар бахтатон бошад. Вагарна метавонед, рӯзҳои дароз навбат поида асъори худро мубодила карда натавонед.

Нархи тилло

Баҳои ҳар унс тилло дар муъомилоти субҳи  имрӯз  миёни бонкҳои Лондон  1843 доллару 85 сент муомила шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба охири ҳафтаи гузашта арзонтар аст.

Нархи нафти хом

Нархи миёнаи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар  биржаҳои Inter Continental Exchange (ICE) — ICE Brent Crude Futures-и Лондон 49 доллару 48 сент муъомила шуд.

Нархи миёнгаи ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои New York Mercantile Exchange (NYMEX) ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк 46 доллару 24 сент муомила шуд.

Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон то аввали моҳи октябри соли равон аз 3 миллиарду100 миллион  доллар гузашт.  Агар ин ҳаҷми қарз ба ҳар як нафари аҳолӣ тақсим карда шавад, пас барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон тақрибан 335 долларӣ рост меояд.

Тибқи омор, аҳолии Тоҷикистон ҳоло беш аз 9 миллиону 400 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон то 1 октябри соли 2020 3 миллиарду 163 миллиону 200 ҳазор долларро ташкил додааст.

Дар сохтори қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 миллиарду 18 миллиону 100 ҳазор  доллар ба қарзи мустақими давлатӣ рост меояд. Ҳаҷми қарзҳо бо кафолати давлатӣ дар сохтори қарзи хориҷӣ — 91 миллиону 100 ҳазор доллар аст. Қарзи корхонаҳои давлатӣ бидуни кафолати ҳукумат бошад 31 миллиону 500 ҳазор доллар мебошад. 

Қарзи Бонки Миллии Тоҷикистон аз Сандуқи Байналмилалии Пул, ки барои нигоҳ доштани тавозуни пардохт ҷалб шуда буд, 18 миллиону 400 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми қарзи Бонки Миллии Тоҷикистон, ки аз Чин гирифтааст,  2 миллион доллар аст. Ҳамчунин Бонки Миллӣ 2 миллиону 100 ҳазор доллар аз Бонки Исломии Рушд қарздор аст..

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон то аввали моҳи октябри соли 2019,  2 миллиарду 890 миллиону 100 ҳазор сомониро ташкил додааст.  Бо ҳамин ҳисоб аз моҳи октябри соли 2019 то октябри соли 2020 қарзи хориҷии Тоҷикистон беш аз 270 миллион доллар афзоиш ёфтааст.

Қарзҳои бузурги Тоҷикистонро қарзҳо аз «Эксимбонк» -и Чин, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Рушди Осиё ва Бонки Исломии Рушд ташкил медиҳанд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ дар даҳ моҳи соли равон 2 ҳазору 660 сомонӣ, тақрибан 235 долларро ташкил дод.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра 24 миллиарду 345 миллиону 900 ҳазор сомониӣ, муодили 2 миллиарду 154 миллиону 500 ҳазор  доллар бо қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистонро ташкил додааст.

Аҳолии ҷумҳурӣ дар ин даҳ моҳи соли равон ба беш аз 9 миллиону 400 ҳазор нафар расид. Дар натиҷа, ба ҳар сари аҳолӣ 2 ҳазору 660 сомонӣ аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноат рост меояд.

Ҳамин тариқ бо ҳисоби доллар, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ дар ин давра 235 долларро ташкил дод.

Тибқи омор, аз маҳсулоти саноатӣ ба хориҷа, асосан алюминий, семент, маъдан ва консентратҳо, металлҳои қиматбаҳо, бофандагӣ ва ғайра содир карда шуданд.

Қариб ҳамаи ин молҳо ба хориҷ ҳамчун ашёи хом, яъне бидуни коркард фурӯхта мешаванд. Аксари онҳо пас аз коркарди аввалия, яъне дар шакли ашёи хом барои коркарди минбаъда фурӯхта мешаванд.

Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нисбат ба Аврупо, Осиё, Амрико, Африқо ва Австралиё бештар тиҷорат кардааст.

Тавре Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар ба расонаҳои маҳаллӣ маълумот додааст, беш аз нисфи гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ дар даҳ моҳи соли равон ба кишварҳои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рост меояд.

Дар ин давра, ҷумҳурӣ бо 108 давлати ҷаҳон, ки 10-тои он кишварҳои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошанд, робитаҳои тиҷорати хориҷӣ доштааст. Ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-октябри соли равон 3 миллиарду 785 миллион долларро ташкил дод.

Гардиши савдо бо кишварҳои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 50,3 дар сад  ё 1 миллиарду 902 миллиону 200 ҳазор  долларро аз ҳаҷми умумӣ ташкил дод. Ин рақам бо кишварҳои хориҷии дур аз  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 1 миллиарду 882 миллиону 800 ҳазор доллар ё 49,7 дар садро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, тавозуни савдо бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил манфӣ буд, аммо бо кишварҳои хориҷи дур он мусбат аст. Содироти мол дар пасманзари воридоти маҳсулот аз ин кишварҳо ночиз ба назар мерасад.

Норасоии тавозуни савдо бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 1 миллиарду 455 миллион доллар ва фоидаи он бо кишварҳои хориҷи дур 176 миллиону 200 ҳазор  долларро ташкил додааст.

Ҳаҷми умумии содироти молҳо бо афзоиши 30,4 дар сад ё 291 миллиону 800 ҳазор доллари ИМА,  1 миллиарду 253 миллиону 100 ҳазор  долларро ташкил дод. Дар айни замон, воридоти молҳо бо коҳиши  6 миллиарду 200 миллиону  531 ҳазору 900 долларро ташкил дод. Ин ҳисоб  3 дар сад, ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 170 миллиону 500 ҳазор доллар коҳишро нишон медиҳад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *