ФАРОМӮЗ ИРГАШЕВ
“Зулму ситамро бояд аз байн бурд”
Чунин аст шиори ҳуқуқшиноси 30 сола аз шаҳри хоруғ Фаромӯз Иргашев, ки номзадии худро дар интихоботи дар пеш истодаи президентӣ гузоштанист. Ин ҷавон ҳамагӣ 30-сола, ки иддаои бузургеро пеши худ қарор додааст ва давоми ҳафтае ин даъвояш пурсарусадотарини шабакаи иҷтимоии фейсбук гардидааст.
Иргашов Фаромӯз Иргашович, як адвокати 30-сола аз шаҳри Хоруғ рӯзи 2 сентябр бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ дар Ютуб эълон кард, ки мехоҳад номзадиашро тариқи худпешбарӣ ба интихоботи президентии Тоҷикистон пешбарӣ кунад. Иргашов гуфт, поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро водор сохт, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи мардум ва решакан кардани зулму ситам дастбакор шавад ва номзадиашро пешниҳод кунад.
Ҳуқуқшиноси ҷавон Иргашов Аббос Иргашович, 2-юми апрели соли 1990 дар шаҳри Хоруғ таваллуд шудааст. Соли 2008 мактаби миёнаи №6-и шаҳри Хоруғро хатм намуда, моҳи августи соли 2008 ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дохил шуда, соли 2013 хатм кард. Баъди хатми донишгоҳ аз моҳи августи соли 2013 фаъолияти касбиашро ба ҳайси ҳимоячӣ оғоз намуда, барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дар мақомоти иҷроия ва суд кору фаъолият бурд.
Дар тӯли 7 соли фаъолияти касбӣ дар шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба беадолатӣ дар мурофиаҳои судӣ ва зулму ситам аз тарафи мақомоти қудратӣ нисбат ба шаҳрвандон, фасод дар хидмати давлатӣ, сӯиистифода аз мансаб ва табдил додани мақомоти давлатӣ аз тарафи хидматчиёни давлатӣ ба корхонаҳои шахсии худ дучор омад ва тасмим гирифт, ки ин система таъмири ҷиддӣ металабад.
Инак, дар интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи октябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, иштирок намуданро қарор кардааст. Бовар дорад, ки дар якҷоягӣ бо мардуми оддии Тоҷикистон ҳокимияти давлатиро аз чунин хидматчиёни давлатӣ, ки бо фасод сару кор доранд ва ҳокимиятро барои худ ҳамчун хонаи шахсӣ кардаанд, ягон касро ба дохилаш ҳатто даромадан намемонанд, тоза мекунад. Чунин хидматчиёни давлатӣ дар сохтори давлат бояд кор накунанд! мегӯяд ӯ дар тасмими худ.
Интихоботи навбатии президентии Тоҷикистон рӯзи 11 октябр баргузор мешавад. То имрӯз 7 нафар ҳамчун номзад ба президентӣ пешбарӣ шудаанд ва ё аз азми худ барои ширкат дар интихобот дарак додаанд.
Аммо ҳарчанд пешбарӣ шудан ба мақоми президентӣ ягон амали ғайриқонуние нест, ҳуқуқшиноси ҷавон Фаромӯз Иргашевро барои чунин иқдомаш аллакай мақомотҳои қудратӣ пайгирӣ доранд.
Шабакаи телевизионии «Настоящее Время» хабар дод, ки рӯзи 4 сентябр бо Фаромӯз Иргашeв қарори мусоҳиба гузошта буд. Вале ба гуфтаи хешовандони Иргашeв, ҳамагӣ чанд дақиқа пеш аз шурӯи мусоҳиба корманди идораи маҳаллаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ омада, ӯро бо худ бурдаанд.
Худи Фаромӯз Иргашев гуфт, ки мақомот бо ӯ сӯҳбат кардаднд, вале аз номзадиаш ба президентӣ даст намекашад.
Батафсилтар дар бораи дахолати мақомот гуфт, ки пас аз ин изҳороташ ду намяондаи ҳукумати Бадахшон бо ӯ “суҳбат” кардаанд. Иргашев дар мусоҳиба бо расонаи хабарии Озодӣ гуфт гуфт, ин суҳбат дар яке аз хиёбонҳои Хоруғ сурат гирифтааст, на дар ягон идора.
«Бе ягон фишор озодона сӯҳбат кардем. Гуфтанд, ки ба қадри сулҳу оромӣ бояд расем.. Ташвиши онҳо аз ин буд, ки маро ҳамчун ҷавон қуввае истифода набарад ва тинҷӣ вайрон шавад. Гуфтам, бо ягон қувва ҳамкорӣ надорам ва нахоҳам кард. Ҳуқуқшинос ҳастам ва аз чорчуби қонун намебароям. Онҳо маро фаҳмиданд ва рафтанд»
Соима Саидӣ