Тоҷикистон дар бистгонаи ғайридемократитарин кишварҳои ҷаҳон боқӣ монд. Democracy Index 2022 Тоҷикистонро байни 167 кишвари шомили ин радабандӣ дар мавқеъи 156 ҷой додааст. Соли 2021 Тоҷикистон дар ҷойи 157-ум қарор дошт.
Шохиси демокросӣ ҳамасола аз ҷониби созмони таҳқиқотии бритониёии The Economist Intelligence Unit тартиб дода мешавад ва Тоҷикистон танҳо аз Туркманистон пешӣ мегирад. Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қирғизистон ҳанӯз ҳам “деморатитарин аст ва дар ҷои 116 қарор дорад. Поёнтар аз ин кишвар Қазоқистон дар мавқеъи 127 ва Узбакистон дар 149-ум қарор доранд. Туркманистон чаҳор зина поёнаттар аз Тоҷикитсон қарор дошта 161-ум аст.
Соли 2022 Узбекистон дар шохиси демокросии EIU як зина боло рафт ва байни 167 кишвар дар мавқеъи 149 қарор гирифт. Арзёбии демокросӣ дар ин кишвар 2,12 балл буда, соли сеюм аст, ки тағйир наёфтааст.
Дар радабандии минтақавии Аврупои Шарқӣ Узбекистон дар зинаи 25-ум аз 28-ум қарор дорад. Радабандӣ бо Беларус, Тоҷикистон ва Туркманистонтамом мешавад.
«Дар минтақа то ҳол ягон «демокросии комил» вуҷуд надорад: аз 28 кишвар 16-тоаш «демокросии нокомил» (шарқи узви Иттиҳоди Аврупо ва Балканҳои ғарбӣ), чаҳор «режими гибридӣ» (Арманистон, Босния ва Ҳерсеговина, Гурҷистон ва Украина) ва ҳашт «режими авторитарӣ» (Озарбойҷон, Беларус, Русия ва тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ)» мебошанд — гуфта мешавад дар гузориш.
Дар маҷқеъи аввали радабандии Index Democracy Index чанд сол паиҳам Норвегия (9,81 хол) қарор дорад. Ба панҷгонаи беҳтарин инчунин Зеландияи Нав (9,61), Исландия (9,52), Шветсия (9,39) ва Финландия (9,29) шомиланд.
Радабандиро Кореяи Шимолӣ (1,08), Мянмар (0,74) ва Афғонистон (0,32) ҷамъбаст кардаанд.
Ба гуфтаи муаллифон 8% аҳолии ҷаҳон дар 24 кишвар дар соли 2022 дар кишварҳои демокросии комил зиндагӣ мекунанд; ба давлатхои демокросии нокомил — 48 кишвра, ки 37,3 фоизи сайёра дар онхо зиндагй мекунад; режимҳои гибридӣ — 36 кишвар, ки 17,9% дар онҳо зиндагӣ мекунанд; кишварҳои авторитарӣ — 59 кишвар, ки 36,9% аҳолии ҷаҳон дар онҳо зиндагӣ мекунанд.