Рубрики Хабарҳо

Раисҷумҳури Судон дастури озодии тамоми зиндониёни сиёсиро содир кард

Умар ал- Башир, раисҷмҳури Судон дирӯз, сешанбе 10 апрел, дастур дод, ки тамоми зиндониёни сиёсӣ дар ин кишвар озод карда шаванд.

Хабаргузории расмии Судон гузориш дод, ки ин дастур «бино ба хости аҳзоб ва нерӯҳои сиёсии ширкаткунанда дар гуфтугӯи миллӣ» содир шуд то ба зиндониёни сиёсӣ фурсати ширкат дар раванди сиёсии кишвар дода шавад.

Дар дастур омада, ки ин тасмим «ба хотири фароҳам кардани замина барои ширкати ҳама нерӯҳои сиёсӣ дар машваратҳо дар бораи масоили миллӣ, ниёзҳои марҳалаи оянда ва амалӣ намудани талаботҳои қонуни асосӣ» гирифта шудааст.

Ҳотам Ҳусайн, масъули дафтари раисҷумҳури Судон гуфтааст, ки мақомоти зидахл барои иҷрои фаврии дастури  Умар ал- Башир муваззаф шудаанд ва озод кардани зиндониёни сиёсӣ аллакай оғоз шудааст.

Салоҳ Қӯш, мудири кулли дастгоҳи амниятии Судон дар ин бора гуфтааст: «Озодии зиндониҳо ба рафтори хуби аҳзобашон бастагӣ дорад».

Судон аз аввали соли ҷорӣ, шоҳиди мавҷе аз тазоҳуротҳои мардумӣ бо эътироз дар масоили будҷаи соли 2018 ва пешниҳоди мардумии сиёсатҳои сарфаҷӯёна дар масоили иқтисодӣ шуда буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *