То соли 2025 85 миллион нафар корманд метавонад аз ҷои кор маҳрум шавад.
Дар натиҷаи пандемияи коронавирус, тақрибан 100 кишвар бо шароити бекорӣ дучор омадаанд. Барои мутобиқ шудан ба вазъи кунунӣ, ширкатҳо барои худ чораҳои гуногунро интихоб карданд: яке суръат бахшидан ба равандҳои автоматизатсия ва дигаре рақамӣ кардани равандҳои гуногун.
Дар ин бора дар гузориши Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ «Дар бораи ояндаи ҷойҳои корӣ» гуфта шудааст.
Дар гузориш инчунин дар бораи он сухан рафта, ки ҳоло ширкатҳо дар саросари ҷаҳон чӣ иқдоме пеш гирифтан мехоҳанд. Мувофиқи он, танҳо 1% ширкатҳо нақшаи афзоиши шумораи кормандонро, 14% шумораи кормандонро ба таври доимӣ коҳиш додан, 28% муваққатан ихтисор кардани онҳо, 30% муваққатан ба вазифаҳои дигар гузаронидани кормандон ва 83% барои суръат бахшидани автоматикунонии супоришҳо нақша доранд.
Зиёда аз 80% роҳбарони корхонаҳои пурсидашуда гуфтанд, ки онҳо автоматикунонии равандҳои тиҷориро метезонанд. Ва 50% роҳбарони корхонаҳо гуфтаанд, ки мехоҳанд автоматикунонии ҷойҳои кориро дар ширкатҳои худ суръат бахшанд.
Тибқи маълумот, то соли 2025 тағирот дар тақсимоти меҳнат байни одамон, мошинҳо ва алгоритмҳо раванди қувваи кори 15 миллион коргар дар саросари ҷаҳон — 85 миллион коргарро ихтисор мекунад.
Инчунин гуфта мешавад, ки ин барои 97 миллион корманд имкониятҳои нав фароҳам меояд. Дар ҳақиқат, дар ҷараёни автоматизатсия тамоюли вайрон кардани як ҷои корӣ ва ташкили ҷои дигар ба назар мерасад. Аммо барои он ки даҳҳо миллион одамон маҷбур мешаванд, ки барои ноил шудан ба ихтисосҳои нав бозомӯзӣ кунанд.