Ҷамшед Зиёев, раиси собиқи «Тоҷпромбонк»-ро ба ҳаштуним сол зиндон маҳкум кардаанд. Ӯ соли 2018 дастгир шуда буд.
Бонки Миллии Тоҷикистон тақрибан чаҳор сол пеш ва дар авҷи буҳрони бонкӣ дар кишвар «Тоҷпромбонк»-ро муфлис эълон кард ва муҷаввизи фаъолияташро бозхонд. Даҳҳо муштарии он солҳо боз наметавонанд, ки амонату пасандозҳои худро бигиранд.
Хабаргузории «Азия-Плюс» рӯзи 18-уми декабр бо такя ба манобеи худ навишт, Зиёевро ба «қаллобӣ», «азонихудкунӣ ва исрофкорӣ», «таҳияи ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ» ва «суистифода аз мансаб» гунаҳкор карданд.
Муҳокимаи Зиёев дар Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аввали моҳи декабри имсол сурат гирифтааст, аммо масъулони додгоҳ аз ифшои ҷузъиёти қазия худдорӣ мекунанд.
Ҳоло бо ҳабс шудани Ҷамшед Зиёев муштариён нигаронанд, ки тақдири амонатҳои онҳо чӣ мешавад. Чун онҳо мегӯянд, ҳабсу зиндонӣ кардани Зиёев роҳи ҳал нест ва мақомот бояд сараввал ба бозгардондани амонати мардум талош кунанд.
Солеҳамо Самадова, раиси Шӯрои амонатдорони «Тоҷпромбонк», рӯзи 18-уми декабр гуфт, «ҳисси ман ин аст, ки баъд аз ҳабси Зиёев мегӯянд, ҷазояшро гирифт. Мо борҳо гуфтем, ки аз боздошт кардани Зиёев ягон фоида нест.Мо мехостем, ки аз наздик бо Зиёев суҳбат кунем ва ӯ пули моро баргардонад».
Фирӯз Шарипов, ки ҳоло масъули тақсими амвол ва дороиҳои “Тоҷпромбонк” таъин шудааст, гуфт, айни замон беш аз 30 миллион сомонӣ амонати мардум дар бонк мондааст, ки бояд баргардонида шавад. Аммо ӯ дар бораи он ки бонк чӣ қадар дороӣ ва амвол дорад, маълумот надод.
Баъзе аз муштариён мегӯянд, маъмурияти пешинаи бонк аксари амволро фурӯхтаанд ва зоҳиран чизе барои баргардондани амонаи мардум намондааст.
Мушкили бозпас гардондани пули амонатгузорони бонкҳои Тоҷикистон дар соли 2016 доғ шуд.