Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба зудӣ рисодаи докториашро дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ ҳимоя хоҳад кард. Ҷенерол Раҳимзода, шоир Ниҳонӣ ва драматург ба зидӣ доктори илмҳои иқтисодӣ мешавад.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рисолаи докториашро рӯзи 29-уми декабри имсол дар Комиссияи олии аттестасионӣ ва дар ҳузури олимони ҳуқуқшинос ҳимоя мекунад.
Мавзӯи рисолаи доктории Раҳимзода “Фаъолияти ҷустуҷӯӣ-оперативӣ барои таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилоти назариявӣ, методология ва таҷриба (таҳлили таърихӣ- ҳуқуқӣ ва умуминазариявӣ)” аст. Рамазон Раҳимзода рисолаашро, ки аз 582 саҳифа иборат аст, аллакай ба доираи олимони ҳуқуқшинос тақсим кардааст.
Рисола дар Шӯрои илмии ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасвиб шуда барои ҳимоя ба Комиссияи олии аттестатсионӣ пешбарӣ гардидааст.
Ҷенерол Раҳимзода танҳо ба илм сарукор надорад. Ӯ ҳамчунин шеър ва пиеса менависад. Моҳи августи соли ҷорӣ ӯ пиесае эҷод карда буд, ки ҳунарманди шоистаи театр Марям Исоева аз драматизми он ба ҳайрат омадааст.
Нахустнамоиши нахустин пиесаи пулиси рақами аввали кишвар бо номи “Дили модар”, ки онро коргардон Қурбон Собир ба саҳна гузоштааст, рӯзи 13-уми август дар Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Марям Исоева, ҳунарманди маъруфи тоҷик, ки нақши модарро дар ин пиеса бозӣ мекунад гуфтааст «Ман рӯи дар саҳна нақши беш аз 60 модарро бозӣ кардаам. Аммо аз драматизми ин асар дар ҳайрат мондам. Ин авҷи аълои тасвири симои модари тоҷик ва ё, апафеози он аст. Ин қадар модари тоҷик худро барои фарзандаш фидо мекунад.»
нахустнамоиши ин пиева бо ҳузури худи Рамазон Раҳимзода, ҷенерол Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки аз вузарои қудратии қаламкаш аст, Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг ва Маҳмадсаид Пирзода раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, доир шуда буд
Пиесанависӣ танҳо истеъдоди қаламкашии Рамазон Раҳимзода нест. Қаблан дар расонаҳо шеъру манзумаҳои бо тахаллуси Ниҳонӣ ба нашр расида буданд. Гуфта мешавад Ниҳонӣ тахаллуси ниҳонии вазири умури дохилаи Тоҷикистон аст.
Яке аз шеърҳои бо унвони “Ту меарзӣ”, ки дар васфи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон навишта шудааст, аз тарафи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар соли 2017 беҳтарин шеъри сол дониста шуда буд.
Ду шеъри дигари Ниҳонӣ, ки ба китобу китобхона бахшида шудаанд, дар толори даромадгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон овехта шудааст.
Рамазон Раҳимзодаро ҳамчунин муаллифи 100 асари илмӣ, китоби дарсӣ, рисолаҳо, монография, дастури таълимӣ, тафсир ба қонунҳо, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои иқтисодӣ медонанд.
Ӯ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ буда, ташаббускори ҷорӣ намудани фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун соҳаи алоҳидаи илми ҳуқуқ ва муаллифи китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», барномаи дарсии он ва тестҳо аз ин фан дониста мешавад.
Ба унвону ҷоизаҳои ӯ дар соҳаҳои ҳуқуқшиносиву варзиш унвонҳои “аълочии ифтихории маорифи Тоҷикистон”, аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои умумиҷаҳонии амнияти дастаҷамъӣ низ ҳамроҳ шудаанд.
Рисолаи номзадӣ ва чанд асари дигарашро вазири умури дохилаи Тоҷикистон бо забони русӣ иншо кардааст, ки гувоҳи сатҳи баланди забондонии ӯ шумурдан мумкин аст. Аммо вақте русӣ ҳарф мезанад, назари дигар ҳосил мешавад.
Бисёриҳо ба ин назаранд, ки китобу шеърҳои Раҳимзода ба ивази маблағ аз тарафи дигарон навишта мешавад. Далелашон ҳам баромадҳои вазир дар конфронсу нишастҳои матбуотӣ аст. ки аз қоғаз бо мушкилӣ мехонад ва ҷумлаҳояш бесарунӯганд.