Дар ҳоле ки охирин рӯз корӣ бозори нафт дар ҳафтаи гузашта шоҳиди беҳбуди нисбии қиматҳо буд, баъзе аз фаъолони бозор интизор доранд, ки қимат ин коло бо боз шудани муомилоти имрӯз, душанбе 6 апрел уфти дигареро шоҳид бошад.
Рӯзи ҷумъа 3 апрел пас аз твити Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар бораи гуфтугӯи ӯ бо Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистон ва изҳори умедвории Трамп дар бораи эҳтимоли наздикии мавозеъи Арабистон ва Русия бар сари тавлид, қимати нафт пас аз ҳафтаҳо суқут афзоиш ёфт ва ҳар бушкаи Brent бо ҳудуди чаҳор доллари афзоиш ба болои 34 доллар расида буд.
Аммо ба гуфтаи баъзе фаъолони бозори нафт, идомаи ихтилоф миёни Русия ва Арабистон ва эҳтимоли шикасти музокирот ба нигарониҳое дар бораи коҳиши муҷаддади қимати нафт дар муомилоти ҳафтаи оянда доман задааст.
Ду рӯз пеш, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, Арабистонро масъули коҳиши қимати нафт донист, ки ин изҳорот вокуниши Риёзро ҳам ба ҳамроҳ дошт.
Аъзои созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) ва содиркунандагони бузурги ғайри узв, мулаққаб ба “ОПЕК плюс”, қарор буд ҷаласае изтирорӣ баргузор кунанд, ки ҳоло ин ҷаласа то нӯҳуми апрел ба таъвиқ афтодааст.
Дастури кори ин ҷаласаи видеоӣ, ки Арабистон мизбони он аст тасмим дар бораи коҳиши тавлид аст. Яке аз чолишҳои асосии пеши рӯйи ин ҷаласа, дар сурати тавофуқи ниҳоӣ, тавзеъи ин коҳиш дар миёни кишварҳои тавлидкунандаи нафт аст.
Ҳамзамон хабаргузории Рейтерз ба нақли аз як “манбъи огоҳ” гуфта ширкати миллии нафти Арабистон, Аромко гуфтааст то баъд аз ин иҷлос, даҳуми апрел, ки тасмим дар бораи коҳиши қиматҳо ниҳоӣ шавад, қимати фурӯши нафти хом барои моҳи майро эълом нахоҳад кард.
Ширкати ARAMKO умуман дар панҷуми ҳар моҳ қиматҳои маҳмулаҳои ояндаи худро барои моҳи баъдӣ эълом мекунад.
Афзоиши қимати нафт дар рӯзи ҷумъа дар ҳоле буд, ки камтар аз ду ҳафта пеш ҳар бушка нафти Брент ба зери 22 доллар ҳам расида буд. Ин нарх, поинтарини қимати нафтро дар 18 соли ахир сабт кард.
Аз ҷумлаи далоили умдаи суқути қимати нафт дар моҳҳои ахир коҳиши тақозо дар бозор ва ҳамчунин таниши Арабистон ва Русия бар сари қимат будааст.
Чин, бузургтарин воридкунандаи ҷаҳон аст, ки то пеш аз шуйӯъи коруно рӯзона ҳудуди 14 миллион бушка нафт ворид мекард. Коҳиши ин тақозо ва чашмандози манфии бозор боиси уфти қимати нафт дар ҷаҳон шуд.
Ихтилофи ахири Русия ва Арабистон ба ҳудуди як моҳи пеш бармегардад, замоне ки аъзои созмони кишварҳои содиркунандаи нафти (ОПЕК) ва Русия тасмим доштанд рӯзона яку ним миллион бушка аз тавлиди худ бикоҳанд, ки бо ихтилофи Риёзу Маскав (тавлидкунандаи ғайри аъзо) тавофуқи ҳосил нашуд ва дар натиҷои он қиматҳо суқут кард.
Қимати нафт аз ибтидои соли ҷории мелодӣ шоҳиди коҳиши муодили 65 дарсад будааст.
Бо фарогирии коруно дар ҷаҳон, бисёре аз ширкатҳои нафтӣ ё тавлидро мутаваққиф кардаанд ва ё ҳаҷми тавлидро коҳиш додаанд.
Ин вазъият боис шуда ширкатҳои бузурги нафт ва газ дар ҷаҳон ҳазинаҳои худро ҳам дар соли ҷории мелодӣ (2020) коҳиш диҳанд.
Ҳашт ширкати бузурги нафтӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла ARAMKO (ширкати миллии нафти Арабистон) ва ширкат Нидерланди-Бритониёии Royal Dutch Shell ахиран ин коҳиши ҳазинаҳоро муодили 28 миллиард доллар эълом кардаанд.
Ин рақам муодили бист дарсад ҳазинаҳои аслӣ аст, ки пештар 142 миллиард доллар эълом шуда буд.
Арабистон пеш аз иттифоқоти ахир гуфта буд қасд дорад аз ду моҳи дигар (моҳи май) бо афзоиши 600 ҳазор бушка дар рӯз, содироти худро ба 10,6 миллион бушка бирасонад.
Тавлиди рӯзонаи нафти Арабистон дар моҳҳои гузашта ба таври мутавассит 9 миллиону 700 ҳазор бушка буд вале гуфта шуда то 12 миллион бушка дар рӯзи зарфияти тавлид дорад.
Арабистон аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки тавлиди нафт дар он арзон тамом мешавад.