Озодии бародари Алимардонов ва фирори се коргараш
Cе корманди гуруҳи ширкатҳои «Баракат», вобаста ба Парда Алимардонов — бародари Муродалӣ Алимардонов, раиси пешини «Агроинвестбонк», аз кишвар фирор кардаанд. Онҳо дар тасарруфи даҳҳо миллион сомонӣ муттаҳам мешаванд.
Дар нишасти хабарии Оҷонсии мубориза бо фасод, масъули ин ниҳод Фахриддин Акрамзода, дар ин бора маълумот дода гуфт, ки ин се нафар дар тасарруфи 52 миллион сомонӣ маблағҳои кредитӣ даст доранд. Ба қавли оқои Акрамзода, дар ҳоли ҳозир дар нисбати онҳо парванда боз шуда, дар ҷустуҷӯ қарор доранд. Ӯ гуфт, ки бар асоси маълумоти онҳо, ин се нафар дар Русия қарор доранд. Аммо, Акрамзода аз ин се нафар ном набурд.
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳамзамон гуфт, ки моҳи марти имсол Парда Алимардонов бо барқарор намудани 105 миллион сомонӣ авф шуд ва аз боздошт раҳо гардид.
Масъулони Оҷонси мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон моҳи феврали имсол гуфта буданд, ки ӯ 90 миллион сомонӣ қарзи гирифтаашро аз «Агроинвестбонк» «ғайримақсаднок» истифода кардааст. Парда Алимардонов ва наздиконаш ҳангоми дар боздошт будани ӯ ва ҳам баъди раҳоияш дар бораи иттиҳоми воридшуда то кунун ба матбуот изҳори назар накарданд.
Парда Алимардонов раиси корпоратсияи «Баракат» мебошад. Ин ширкат солҳо боз дар шаҳри Ҳисор дар бахши кишоварзию чорводорӣ фаъолият мебарад.
Мақомоти Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон дар авоили соли 2019 худи Муродалӣ Алимардон, раиси «Агроинвестбонк»-ро ҳам бозпурсӣ карда буданд. Ӯ дар робита ба пули қарз ҳамчун шоҳид мавриди бозпурсӣ қарор гирифта буд. Муродалӣ Алимардон дар гузашта раиси Бонки Миллӣ, муовини аввали нахуствазир ва яке аз шахсиятҳои бонуфуз дар ҳукумати Тоҷикистон буд. Ӯ дар моҳи майи имсол аз раҳбарии «Агроинвестбонк» барканор шуд. Худи фаъолияти «Агроинвестбонк» ҳоло барҳам дода шудааст.