Рубрики Хабарҳо

Сафорати Амрико дар Бағдод ҳадафи ҳамла қарор гирифт

Ба гузориши манобеи хабарӣ, сафорати Амрико воқеъ дар минтақаи Сабзи Бағдод пойтахти Ироқ мавриди ҳамлаи ракетӣ қарор гирифт.

Садои ин ҳамла дар манотиқи мухталифи Бағдод ба гӯш расид ва тасовире дар иртибот бо ин ҳамла дар расонаҳои иҷтимоӣ мунташир шудааст.

Мақомоти Ироқ ҳануз дар мавриди ин ҳамла изҳориназре накардаанд.

Сафорати Амрико дар Бағдод пештар аз ин низ мавриди ҳамлаи ракетӣ қарор гирифтабуд. Бархе расонаҳои хабарӣ, гурӯҳҳои шибҳи низомиро омили ин ҳамалот медонанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *