Дар Туркия ба ҷурми иҳонат ба Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисҷумҳури ин кишвар садҳо навҷавони туркияӣ муҳокима шуданд.
Оморҳои вазорати додгустарии Туркия афзоиши чашмгири теъдоди парвандаҳои марбут бо тавҳин ба раиси ҷумҳури ин кишварро нишон медиҳад.
Бар асоси омори вазорати додгустарии Туркия 903 кӯдак ва навҷавон аз ҷумла 264 кӯдаки байни 12 то 14 сол ба иттиҳоми тавҳин ба “Раҷаб Тайиб Эрдуғон”, раиси ҷумҳури Туркия дар як давраи шаш сола муҳокима шуданд.
Ба навиштаи вебгоҳи шабакаи хабарии “Ал-Арабия”, омори вазорати додгустарии Туркия нишон дод, ки дар як муддати замонии 6 сола , 128 ҳазору 872 мавриди бозҷӯӣ ба далели тавҳин ба раисиҷумҳур анҷом шуд ва додситонҳо фақат дар соли 2019 теъдоди 36 ҳазору 66 мавриди шикоятро расидагӣ карданд.
Тибқи модаи 299 қонуни муҷозоти Туркия, тавҳин ба раиси ҷумҳури ин кишвар метавонад ба муҷозоти ҳабси байни як то чаҳор сол мунҷар шавад.
Ин омор нишон медиҳад, ки дар маҷмӯъ 9 ҳазору 556 нафар ба далели интишори матлаб дар расонаҳои иҷтимоӣ маҳкӯм ва 2 ҳазору 676 нафар ба зиндон рафтанд, ки ҳафт нафари онҳо навҷавон буданд . Ҳудуди 4325 нафар низ авф шуданд . 234 шаҳрванди хориҷӣ ва ҳашт шахсияти ҳуқуқӣ низ мавриди шикоят қарор гирифтанд ва барои 9 шаҳрванди хориҷӣ низ муҷозоти ҳабс содир шуд.
Ончи, ки дар ин омор омадааст, афзоиши чашмгири теъдоди парвандаҳои марбут ба тавҳини раисҷумҳури Туркия аст . Дар соли 2016 пешниҳоди лағви модаи 299 дар заминаи тавҳин ба раёсати ҷумҳурӣ дар Туркия рад шуд ва гуфта шуд, ки ин амр барои ҳифозат аз назми умумӣ ва ҷомеъа зарурӣ аст .