Раисҷумҳури Туркия таъкид кард, дигарон аз ҷангафрӯзон дар Либия ҳимоят мекунанд ва мо ҳомии давлати қонунии ин кишвар ҳастем.
Раҷаб Тайииб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия тайи суханоне дар нишасти руасои устонии Ҳизби адолат ва тавсеа дар Анқара дар бораи таҳаввулоти Либия гуфт: “Дигарон аз ҷангафрӯзон ҳимоят мекунанд ва мо ҳомии давлати қонунии Либия ҳастем. Фарқи мо бо онҳо дар инҷост”.
Раисҷумҳури Туркия дар ин замина ҳамчунин тасреҳ кард:
“Ба маҳзи оғоз ба кори маҷлиси миллати кабири Туркия, тарҳи эъзоми нерӯи низомӣ (ба Либия)-ро ироа хоҳем кард. Танҳо дар ҷое ҳузур пайдо мекунем, ки аз мо дархости расмӣ шуда бошад. Ҳоло низ, ки аз мо дархост шудааст ба он посух медиҳем.
ИншоАллоҳ дар таърихи 8 ё 9 январ бо тасвиби тарҳи (эъзоми нерӯ ба Либия) дар маҷлис ба дархости ин кишвар посух хоҳем дод. Ба ҳар наҳви мумкин аз давлати Либия барои мубориза бо генерали кудитогари мавриди ҳимояти кишварҳои аврупоӣ ва арабӣ ҳимоят мекунем.
Урдуғон дар мавриди тавофуқи дарёӣ низ бо Либия низ изҳор дошт: Ҳадафи мо на таҷовуз ба ҳаққи дигарон дар Мидитарона, балки дифоъ аз ҳуқуқи кишвармон аст.
Раисҷумҳури Туркия зимни таъкид бар иҷрои проекти канали Истамбул гуфт:
“Барномарезӣ барои проекти канали Истамбул ва эҳдоси он рӯ ба поён аст. ИншоАллоҳ ба зудӣ муноқисаи он низ анҷом хоҳад шуд. Рафтори мубтанӣ бар кӯтаҳнигарӣ дар шаъни Туркия нест.
Канали Истамбул проекти бузурге аст. Бидуни аъмоли фишор бар давлат, ба равиши “анҷом, баҳрабардорӣ, вогузарӣ” ин проектро иҷро хоҳем кард. Агар нашуд, низ аз буҷаи миллӣ гирифта ва онро эҳдос хоҳем кард:.
Раҷаб Тайииб Урдуғон дар бахши дигаре аз суханонаш эълом кард: То кунун 8200 километри мураббаъро дар шимоли Сурия аз лавси террористҳо поксозӣ кардаем.