Русия барои сохтмони макотиби русӣ дар Тоҷикистон $30 млн ҷудо кард
Нахуствазири Русия Михаил Мишустин қарор дар бораи ҷудо намудани 30 миллион доллар бари сохтмон ва таъминоти мактабҳои русӣ дар Тоҷикистонро имзо кард.
Русия барои сохтмони ва таъмини мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон 30 миллион доллар ихтисос хоҳад дод.
Тибқи қароре, ки дар сомонаи маълумоти ҳуқуқии Русия нашр шудааст, Русия маблағҳои мазкурро ба Тоҷикистон тибқи шартномаи байналмилалӣ, ки миёни ду кишвар санаи 17 апрели соли 2019 ба имзо расида буд, ҷудо намудааст.
Бино ба санади мазкур, Русия ба Бунёди устуворшавӣ ва рушди Иттиҳодияи АвруОсиё 30 миллион доллар ихтисос медиҳад. Ин маблағҳо ба сохтмону таъминоти молиявӣ ва техникии муассисаҳои таълимӣ, ки таҳсилот дар онҳо ба забони русӣ фаро гирифта шудааст, равона мегардад.
Бино ба иттилои Спутник Тоҷикистон сухан пеш аз ҳама дар бораи мактабҳо дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода меравад.
Аз ин маблағ қисми аввали он дар ҳаҷми 3 миллион доллар бояд то охири сол ихтисос ёбад. Қисми дувуми ин маблағ дар ҳаҷми 27 миллион доллар дар соли 2021 ҷудо карда мешавад.
Ин маблағҳо ба корҳои лоиҳавӣ ва пешпардохти корҳои сохтмонӣ равона хоҳанд шуд.
Нахуствазири Русия ба Вазорати умури хориҷаи Русия дастур дод, ки ҳукумати Тоҷикистонро дар ин бора хабардор кунад.
Вазорати молия бо Бунёди устуворшавӣ ва рушди АвруОсиё тартиби гузаронидани маблағ, инчунин пардохти ин маблағ аз буҷаи давлати Русияро таъмин хоҳад кард.
Ёдрас мешавем, ки дар моҳи апрели соли 2019 миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Русия созишномаи 5-сола дар бораи сохтмони мактабҳои русӣ дар панҷ шаҳрҳои мухталифи ҷумҳурӣ, ба имзо расида буд.
Қарор аст, дар ҳар як ин мактаб 1200 нафарӣ хонандагон ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Созишномаи мазкур моҳи феврали соли равон аз тарафи Думаи давлатӣ ва шӯрои Федератсияи Русия тасдиқ шудааст.