Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, ки бо як сафари дурӯза дар Тоҷикистон қарор дорад, баъд аз зуҳри дирӯз ба қароргоҳи Сафорати Афғонистон дар Душанбе омада, бо ҷамъе аз шаҳрвандони муқими Тоҷикистони Афғонистон ва хабарнигорони расонаҳои Тоҷикистон дидор анҷом дод.
Ӯ ба ин мулоқот, ки пас аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмон омада буд, ба чанд суоли хабарнигорон посух дод.
Тавре Азия Плюс менависад, Абуллоҳ Абдуллоҳ ба суоли ин ки қабл аз сафар ба Тоҷикистон гуфта буд, ки барои ҷалби ҳимоят аз сулҳ дар Афғонистон меравад, мушаххасан мунтазирӣ чӣ навъ ҳимояте аз Тоҷикистонанд, гуфт, ки ҳадаф танҳо ин набуд.
Ӯ гуфт, “дар ин сафар танҳо масъалаи ҷалби ҳимоят нест». Бо ишора ба Тоҷикистон гуфт, ки инҳо ҳамеша ҳомӣ буданд аз пружаи сулҳ дар Афғонистон, балки дар паҳлӯи он табодули назар ҳам буду аз таҷрибаҳои ин ҷо омӯхтан низ.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳамчунин ба суоли оё фикр мекунед, ки сулҳ дар Афғонистон омаданист, посух дод, ки ин барои Афғонистон як зарурати ҳаётист.
Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон гуфт “Зарурати аслии мардуми Афғонистон сулҳ аст. Ман ҳеч шакке надорам ва хости аслии мардуми Афғонистон ҳам ҳамин чиз аст. Мавонеъ ҳам вуҷуд дорад, мушкилот ҳам вуҷуд дорад, аммо иншоаллоҳ, ки бо ёрии Худованди бузург ва бо ёрии мардуми Афғонистон шаҳрвандони кишвар ба ин орзуи худ мерасанд”.
Дар ин мулоқот Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳамчунин ба чанд суолҳои дигари рӯзноманигорони тоҷик дар робита ба музокироти сулҳ дар Афғонистон, нигарониҳои амниятии Тоҷикистон аз фаъол шудани “Толибон” дар марзҳои муштарак, қочоқи маводи мухаддир ва ғайра посух дод.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ин мулоқот ҳамчунин гуфт, ки бо Эмомалӣ Раҳмон дидораш аз замоне муқаррарӣ бештар тӯл кашидааст ва 2,5 соат суҳбат кардааст. Ӯ гуфт, ки “Эмомалӣ Раҳмон барояш гуфтааст, ки аз талошҳои сулҳ дар Афғонистон ҳамаҷониба ҳимоят мекунем”.
Абдуллоҳ Абудллоҳ дар давоми ин сафари дурӯзааш, ҳамчунин рӯзи 21-уми декабр бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин низ мулоқот карда буд.