Рубрики Хабарҳо

Таърири фурӯзонакҳои LED ба вируси куруно

Мувофиқи охирин таҳқиқот, нуре, ки аз лампаҳои LED мебарорад, метавонад вируси коронаро дар тӯли 30 сония нобуд кунад, аз ин рӯ, ҳуҷраҳоро бо харҷи камтарин тавассути насб кардани фурӯзонаки навъи мазкур дезинфексия (безараргардонӣ) кардан мумкин аст.

Ба навиштаи расонаи хабарии Daily Mail, таҳқиқот нишон дод, ки лампаҳои LED, ки нури ултрабунафш мебароранд, метавонанд вируси куруноро нобуд кунанд.

Тибқи иттилои рӯзномаи Бритониё, гарчанде ки самаранокии шуоъҳои ултрабунафш дар нобудсозии вирус аллакай собит шудааст, ин бори аввал аст, ки нурҳои ултрабунафши аз лампаҳои LED хориҷшаванда дар робита бо нобудшавии вируси корона таҳқиқ мешаванд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *