10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Ситоди «сарфаи барқ»дар Суғд қариб 7 млн пули барқро ҷамъоварӣ кардааст

Дар 12 рӯз дар шимоли Тоҷикистон аз муштариёни шабакаҳои барқ 6 млн 721 ҳазору 258 сомонӣ маблағҳои қарзи барқ ситонида шуда, 982 қонунвайронкуниҳо дар кори истифодаи барқ ошкор шудааст.  Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд мегӯяд, ин натиҷаи фаъолияти 89 гуруҳи кории созмонёфта аст, ки ҳадафашон тарғиби сарфакорӣ, ошкоркунии ҳолатҳои ғайриқонунӣ истифодаи барқ ва рӯёнидани қарзи он мебошад.

Хабаргузории “Азия Плюс” бо истинод ба манбаъаш дар Раёсати корҳои дохилии Суғд ба менависад ин гурӯҳи созмонёфта аз 10 то 21-уми декабр дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят санҷишҳои вижаро анҷом доданд. Манбаъ гуфта, дар натиҷаи ин санҷиш 982 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи нодурусти барқ ошкор шудааст. Аз он 53 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ бо моддаи 473 “риоя ё иҷро накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор” ва 929 ҳолати дигар бо моддаҳои 404 ва 382 “риоя накардани қоидаҳои муҳофизатии шоҳқубурҳо” ва “риоя накардани қоидаҳои истифодаи барқ”-и Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ 20 ҳазору 486 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.

“Санҷиш дар корхонаву муассисаҳо, хонаҳои баландошёна, навсохт, бозору марказҳои савдо, коргоҳҳои истеҳсолӣ, нонвойхонаҳо, ҳаммом ва дигар иншоот гузаронида шуд. Ҳолатҳое ҳаст, ки муштариёни барқ дар натиҷаи истифодаи нодурусти барқ аз ҷониби шабакаҳои барқӣ ҷарима шудаву лекин маблағи онро нозири барқ нарӯёнидааст ва ё қарзҳои барқ боқӣ монда буд, ки ин гуруҳи корӣ онҳоро рӯёнид. Мақсади ягона сарфакорӣ ва истифодаи самараноки барқ аст”- гуфтааст манбаъ.

Аммо ин манбаъ мегӯяд, ин гурӯҳи корӣ, ки аз ҷониби Раёсати корҳои дохилӣ созмон ёфта буд, дар натиҷаи санҷишҳо ягон ҷиноят дар самти барқрасониву истифодаи онро ошкор накардааст. 

Дар Тоҷикистон бо дастури раисҷумҳур Ситоди ягонаи байни ниҳодҳо ташкил шудааст, ки истифодаи сарфакорона аз барқро назорат мекунад ва бо мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад. Ин ситодро вазири корҳои дохилӣ ва дар маҳалҳо раёсату шуъбаҳои ВКД раҳбарӣ мекунанд. 

Дар Фаронса се пулисро куштанд

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *