Хабаргузори Рейтерз бо нақл аз манобеъи огоҳи худ эълом кард, ки Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин барои дидор ва гуфтугӯ бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ҳафта оянда ба Маскав сафар хоҳад кард.
Бино ба гузориши Рейтерз, сафари ҳафтаи ояндаи раисҷумҳури Чин ба Маскав ва дидор бо ҳамтои руси худ зудтар аз он чи, ки интизор мерафт, анҷом мешавад. Пештар “Уолт стрит жорнал” пешбинӣ карда буд, ки дидори Си Ҷинпин аз Маскав дар моҳи апрел ё авоили моҳи май анҷом шавад.
Сафари Си Ҷинпин ба Русия ва дидор бо Владимир Путин дар ҳоле анҷом мешавад, ки Чин пештар бо рӯнамоӣ аз як тарҳи пешниҳодӣ барои ҳаллу фасли муноқишаи ҷорӣ дар Укроин бар омодагии ин кишвар барои миёнҷигарӣ миёни Маскаву Киев таъкид карда буд.
Ҳимояти дипломатики Чин аз Русия боис шудааст, ки кишварҳои ғарбӣ нисбат ба миёнҷигарии бетарафонаи Пекин дар ҷанги Укроин шубҳа дошта бошанд.
Манобеъи огоҳи Рейтерз, ки ба иллати “ҳассосияти мавзӯъ” тамоюл надоштаанд ҳуввияташон фош шавад, ба ҷузъиёти бештаре аз ин хабар ишора накардаанд. Давлатҳои Чин ва Русия то ин лаҳза вокунише ба ин хабар нишон надодаанд.
Пекин ва Москва дар феврали соли 2022 ва пеш аз ҳамлаи низомии Русия ба Укроин бар ҳамкории “бидуни маҳдудият” дар ҳама заминаҳо бо якдигар таъкид карда буданд.