Агарчи бозори байналмилалии таслиҳот дар даҳаи гузашта раванди рӯ ба нузулро таҷриба карда буд, аммо гузоришҳои тоза аз афзоиши воридоти силоҳ ба Аврупо тайи чанд соли ахир ҳикоят дорад.
Бар асоси гузориши тозаи воридоти таслиҳот ба Аврупо умдатан ба далели танишҳои мавҷуд миёни Русия ва ағлаби кишварҳои аврупоӣ ба шиддат афзоиш ёфтааст.
Гузориши ҷадиди Институти байналмилалии пажӯҳишҳои сулҳи Стокголм нишон медиҳад, ки воридоти таслиҳот ба Аврупо дар муқоисаи байни ду давраи замонӣ тайи солҳои 2013 то 2017 ва 2018 то 2022 бо вуҷуди уфти 5.1 дарсадии бозори таслиҳот 47 дарсад рушд доштааст.
Афзоиши тақозо барои хариди таслиҳот дар хоки Аврупо ба вижа аз замони таҳоҷуми низомии Русия ба Укроин ба шакли қобили таваҷҷуҳе афзоиш нишон медиҳад.
Мақсади содироти таслиҳоти Фаронса бештар Ховари Миёна ва Осиёст
Русия, тибқи охирин баровардҳо, барои се даҳа дувумин содиркунандаи бузурги силоҳ пас аз Амрико будааст.
Маскав ин мавқеияти худро ҳифз карда аммо саҳми ин кишвар аз бозори ҷаҳонии силоҳ ба 16 дарсад коҳиш ёфтааст. Ҳол он ки Фаронса акнун бо саҳми 11 дарсадӣ аз ин бозор наздиктарин таъқибкунандаи Русия ба шумор меравад.
Ба гуфтаи Симон Визман, муҳаққиқи аршади барномаи интиқоли таслиҳот дар Институти байналмилалии пажӯҳишҳои сулҳи Стокголм, таҳоҷуми низомӣ ба Укроин эҳтимолан дар маҳдудтар кардани содироти таслиҳоти Русия муассир будааст.
Ба гуфтаи ин пажӯҳишгари суидӣ, Русия бар ҳамин асос авлавиятро дар таъмини таслиҳоти нерӯҳои низомии худ қарор дода ва аз дигар сӯ, супориши хариди таслиҳоти кишварҳои дигар аз Русия ба далели таҳримҳо алайҳи Кремл ҳамчунон нисбат ба гузашта рӯ ба коҳиш хоҳад буд.
Ин дар ҳолест, ки бозори таслиҳот рӯз ба рӯз фурсатҳои бештареро дар ихтиёри Париж қарор медиҳад: Фаронса дар муқоисаи миёни ду давраи замони ёд шуда дар боло шоҳиди афзоиши 44 дарсадии фурӯш ва содироти таслиҳот будааст.
Ағлаби воридкунандагони таслиҳот аз Фаронсаро кишварҳое аз Осиё, Уқёнусия ва минтақаи Ховари Миёна ташкил медиҳанд. Ҳинд дар ин миён наздик ба 30 дарсад аз содироти таслиҳотии Фаронсаро ба худ ихтисос додааст.
Оташи таслиҳоти Укроин ва бими кишварҳои НАТО
Ҷойи тааҷҷуб нест, ки таҳоҷуми низомии Русия ба Укроин дар феврали 2022 ниёзи ин кишвар ба таслиҳотро нисбат ба гузашта чандин баробар кард.
Киев аз соли 1991 то поёни соли 2021 амалан иқдом ба воридоти силоҳҳои сангин накарда буд. Ин дар ҳолест, ки Укроин дар пайи оғози ҷанг, пас аз Қатар ва Ҳинд, ба севумин воридкунандаи бузурги таслиҳот дар саросари ҷаҳон табдил шудааст.
Ин шароит ба вижа ба воситаи кумакҳои низомии ироашуда аз сӯи Иёлоти муттаҳида ва бисёре аз кишварҳои аврупоӣ рақам хӯрдааст.
Аъзои аврупоии НАТО низ ҳамзамон бо ироаи кумаки таслиҳотӣ ба Киев, ағлаб дар вокуниш ба таҳдидҳои афзояндае, ки аз ҷониби Русия эҳсос мекунанд, даст ба тақвияти зарродхонаҳои худ задаанд.
Воридоти таслиҳот тавассути кишварҳои НАТО дар бозаи замонии 2018 то 2022 нисбат ба солҳои 2013 то 2017 афзоиши 65 дарсадиро нишон медиҳад. Ин кишварҳо ниёзҳои таслиҳотии худро ағлаб аз Амрико таъмин мекунанд.
Тақозо барои “силоҳҳои пешрафта” дар Ховари Миёна
Ба назар мерасад кишварҳои Ховари Миёна бештар бар навсозӣ ва тақвияти зарродхонаҳои худ мутамаркиз шудаанд. Бар ҳамин асос, гузориши Институти байналмилалии пажӯҳишҳои сулҳи Стокголм нишон медиҳад, ки Арабистони саудӣ ва Қатар тайи солҳои 2018 то 2022 ба тартиб дувумин ва севумин воридкунандаи бузурги силоҳ дар ҷаҳон будаанд.
Дар ин гузориш омадааст, ки ба унвони мисол воридоти таслиҳотии кишвари Қатар ба нисбат ба панҷ соли гузашта 311 дарсад афзоиш ёфтааст.
Америка бо саҳми 54 дарсадӣ, мабдаи бештарини таслиҳоте аст, ки ба мақсади ин минтақа ирсол мешавад; Пас аз Амрико, Фаронса (бо саҳми 12 дарсадӣ), Русия (бо саҳми 8.6 дарсадӣ) ва Италия (бо саҳми 8.4 дарсадӣ) дар ҷойгоҳи дувум то чаҳорум қарор гирифтаанд.
Дар миёни супоришҳои хариди таслиҳот аз сӯи кишварҳои Ховари Миёна ҳудуди 260 ҷангандаи модерн, 516 танки ҷадид ва 13 фрегати пешрафта ба чашм мехӯрд.