«Био-сиёсат»ва фурсати ҷаҳонишавӣ
Идомаи мусоҳибаи хабаргузории «Озодагон» бо Меҳмоншо Шарифов. Қисмати аввали мусоҳибаро . Қисмати дуввум .
Озодагон: Баъзе соҳибназарон ва андешмандон зимни навиштани назару дидгоҳои мухталиф ин авохир доир ба як идеологияи миллӣ бештар ҳарф мезанад. Ва онҳо хатарҳои эҳтимолиро аз ҷониби мухталиф бараси карда асосан сари ифротгароӣ диннӣ ва фарҳанги бегона тамаркуз мекунанд. Ба андешаи шумо хатари ҷиддӣ ва таҳдид ба ташакули идеологияи миллӣ дар шароити феъли кадом омилҳост?
Меҳмоншоҳ Шарифзода: Ба андешаи ман он чи дар боло зикр кардем пурра ҷавоб ба ҳамин пурсиши шумо буд. Яъне худ ҳамин дур будани давлатмардон аз барқарор кардани иқтисоди харобшуда ва сохтани ҷомеаи тоҷик, ки боиси шаклгирии системаи фасод ва клептократия гардид, омили аслии набудан ва ташаккул наёфтани идеологияи миллист. Боз ҳам такрор шавад бояд гуфт, ки идеологияи воқеии миллӣ бе раванди сохтани миллат вуҷуд дошта наметавонад. Акнун ин раванд, яъне дур будан аз созандагӣ ва ҳукумронии фасод ба амният ва будани давлату миллат хатар дорад. Чи гунае, ки шоҳидем давлат танҳо як функтсия ё амалро иҷро карда истодааст ва он аз назорат кардан иборат аст ва Тоҷикистон ба истилоҳи Делюз, ба як “ҷомеаи назорат” табдил ёфтааст. Воқеан назорат кардан хуб аст вале бояд шинохт, ки ҳудудҳои назорат то куҷо бошанд. Ё беҳтараш ин маъниро бояд шинохт, ки барои мардум имкони сохтани ҷомеаи солимро бояд дод, ки ҷомеа худ як ҷисми мустақил, зинда ва дар ҳаракат аст ва метавонад худро аз ҳама гуна маризиҳо ва буҳронҳо наҷот додан. Ин ҷо сарҳади байни давлат ва ҷомеаро дуруст бояст шинохт. Давлат набояд ба ҳар чиз, ба ҳар рӯйдод дар ҷомеа дахолат кунад ва ҳамчунон набояд, ки хусуси бошад.
Бубинед ба оромии ҷомеаи шаҳри Душанбе, занҳои сатрпӯш ва мардони ришдор хатар доранд ва ё ин ки зиёдтар аз навад корхонаҳои хурду калони шаҳри Душанбе аз тарафи ‘буржуазияи нав” вайрон ва ғорат карда шудаанд. Душанбе яке аз шаҳрҳои саноатии мамлакат дар давраи Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт, ки дар корхонаҳои он ҳазорҳо мардум кор мекард. Чи гунае, ки дар боло зикр кардем барои Тоҷикистон аз пайи идеологияи дигарон рафтан ва дар бораи он зиёд ҳарф задан корест бебунёд. Барои мо аз ҳама хуб роҳҳо ё технологияҳои сохтани ҷомеаро аз дигарон ва ба хусус аз Шӯравии собиқ омӯхтан зарур буд ва ҳаст ва дигар ин ки наслҳое, ки дар Шӯравии собиқ зистаанд ҳанӯз зиндаанд ва аз дониш ва ҳунари онҳо бояд истифода кард. Имрӯз идеологҳои “миллитафаккуру давлатмеҳвар” ба гунаеҳарф мезананд, ки гуё илм ва ихтироъкори дар шӯравии собиқ набуд, ниҳодҳои дуняви набуданд ва созандаги вуҷуд надошт. Гӯё ин ҳама нав аст ва онҳо нав омӯхта истодаанд. На ин чунин набуд ва нест. Бале, идеология яккаҳизби ва назоратро аз байн бояд бурд вале илм, технологияро рӯҳи нав бахшида дар сохтани ҳаёти мардум истифода кард. Вале чун сармояи мардум дар кисаи як гурӯҳи хурде ҷамъ мешавад ва ин чунин мардумеро ба хотири маҳалашон дар роҳбарии ниҳодҳо ба кор қабул намекунанд, чи гуна метавон дар бораи пешравӣ, инкишоф ва истиқлол ҳарф зад.
Озодагон: Чунин ба назар мерасад, ки гуруҳе барои сохтани “идеологияи имруз ва то андозае мувақатӣ” мехоҳанд таърих 1400 соларо канор бигзоранд ва фарҳангу тамаддуни дар бистари Ислом шаклгирифтаро нодида бигиранд оё ин амалаи мантиқи ва тақозои замон аст ? Он барои миллат ва давлатдори дар минтақа ба хусус барои Тоҷикон чи паёмаде дошта метавонад?
Меҳмоншоҳ Шарифзода: Чи гунае, ки гуфтем идеология дар ҷойи холӣ ҳатто муваққатан ҳам сохтан намешавад. Ва ҳуҷум ба арзишҳои Исломӣ ва кам гирифтани арзишҳои худӣ як чанд сабаб дорад, яке пардапӯш кардани бесалоҳияти ва шоиста набудани худ дар сиёсат , дуввум аз фазои сиёсӣ дур кардани рақибони сиёсии худ ва дигар ин ки зери таъсири сиёсати “хатари Ислом” — Амрико ва Руссия мондан,ба хусус баъди воқеаҳои 11- уми сетябри 2001. Яъне ин рӯйдодест, ки ба табиат ва мантиқи сиёсати имрӯзаи давлатмардони ин минтақа мувофиқ аст. Хусусан дар Тоҷикистон зери таъсири шиорҳои амрикоии “ҷанг бо террор” фарҳанги исломии мардуми худро нодида гирифта сиёсати тақсими “мусулмони хуб ва бад” — ро фаъолтар кардаанд. Гузашта аз ин имрӯз ба воситаи имомхатибҳо, ки бештари онҳо таҷрибаи динӣ ва дониши уллуми исломи надоранд, раванди боз ҳам ба омм ба тӯдаҳо табдил додани мардум рафта истодааст. Ҷомеа дорад ба як ҷомеаи шизофрения табдил меёбад, яъне акнун ҷомеае дорем байни ақл ва эҳсосот пароканда ва зуд ва осон идорашаванда. Нишонаи ин маризии ҷомеаро масалан дар куштори Фархунда дар Афғонистон дидан мумкин аст. Чун низоми солим ва ҷомеаи ором нест ва мардум дар ҳарфҳо як чизро мешунаванд ва дар воқеият дигар чизро мебинанд боиси сар задани чунин рӯйдодҳо мегардад. Ба қариби попи католикҳо сиёсатмадорони Америкоиро барои бумби дар Афғонистон партофтаашон танқид мекард ва на ба он хотир, ки онҷо касеро куштаанд, балки ба хотири он ки онро “модари ҳама бумбҳо” номгузори кардаанд ва ба гуфти поп модар бахшандаи ҳаёт аст на кушандаи он. Воқеан поп ҳақ аст, вале ин чи гуна фарҳанг аст, ки мардумро аз ҷумла Тоҷиконро, ба бумби зинда табдил медиҳанд ва паси ин ҳама ки меистад. Чаро дар ин масъала МТС таҳқиқоти мустақил ва воқеӣ наметавонад ташкил намудан.
Чи гунае, ки мебинем, аз як тараф био — сиёсати ҳукумати мардумро аз ватан ва фарҳанги худ бегона ва берун мекунад ва аз тарафи дигар абарқудратҳое, ки низоми нави ҷаҳониро шакл дода истодаанд, дар минтақаҳои маусулмоннишин фазои хушунат ва ҷангро ташкил кардаанд, ки қисмате аз ҷавонони муҳоҷири Тоҷик ҳаёти худро онҷо ба охир мерасонанд. Ин фазоест, ки ҳанӯз дар давраи ҷанги сард абарқудратҳо, Амрико ва Иттиҳоди Шӯравӣ, ба хусус аз тарафи низомҳои ҷосусӣ ва қудратии Амрико ташкил дода шуда буд. Вақте Ҳенри Киссенҷер, яке аз назариётчиёни корҳои хориҷии Амрико, аз президенти Амрико Ҳарри Трумен, касе ки бо фармони ӯ ба Ҷопон бумбҳои атоми партофта шуда буданд, пурсид ки дар муддати президенти чи коре анҷом дод, ки аз он метавонад боғурур бошад. Трумен ҷавоб дод, ки “Ман аз он далел сарбаландам, ки пурра душманони худро мағлуб кардем ва онҳоро ба иттиҳоди миллатҳо ҳамчун миллатҳои баробар баргардондем” . Ва дар ин роҳ, ки миллатҳои дигар зери қаноти Амрико бошанд аз ҳеҷ равише даст намекашанд. Ва яке аз ҳамин равишҳо террор аст. Ин масъалаест ки дар китоби сиёсатшинос ва антропологи Угандаги Маҳмуд Мамдани “Мусалмони хуб , мусалмони бад: Амрико, Ҷанги сард ва решаҳои террор” ( Mamdani, Good Muslim, Bad Muslim: America, the Cold War, and the Roots of Terror) ба таври равшан ва фарогир таҳлил шудааст. Ин сиёсат дар давраи идеологияи бархурди таммадунҳо боз фаъолтар гардид.
Баъдтар баъди ҷанги сард зери таъсири ақидаҳои исломбадбинии шарқшинос — ҷосусӣ бритониёи Бернард Левис cоли 1993 мақолаи “Бархурди тамаддунҳо” — ро навишт , ки ин тарҳи амалиёҳои нави сиёсии Амрико гардид. Ин худ ҷавобе ҳам буд ба китоби ба шогирди пешинааш Фукуяма “Охири Таърих ва инсони охирин” (The End of History and the Last Man). Барои Фукуяма Ислом ҳамчун идеология наметавонист рақиби либерализми Амрико бошад, вале Ҳантингтон бо ин мақолаи худ зери шиори “Ислом сарҳадҳои хунин дорад” тавонист тарҳи нави амалиётҳоро барои сиёсатмадорони Амрико омода созад, ки рақиби асоси мусулмонҳо дониста мешуданд. Бояд гуфт, ки Левис дар корҳои Збигнев Бжезинский ва ба хусус дар тарҳи сиёсии ӯ “Камони бӯҳрони” (Arc of Crisis), ки барои аз байн бурдани Иттиҳоди Шӯравӣ навишта шуда буд таъсири калон дошт. Дар ин тарҳи сиёсии Бзежинский ташкили гуруҳҳои бунёдгаро ва терророисти аз байни мусулмонон алайҳи Шӯравӣ нақшаи Бернард Левис буд. Ин таҷрибаро ки қудрати низоми ва ҷосусии Амрико дар Афғонистон истифода карданд баъдтар дар Ироқ, Либиё ва Суриё истифода карданд. Воқеан ба ин технологҳо ё архитекторҳои ‘ҷаҳони нав’ муяссар гардид аз ҳаракатҳои бунёдгароӣ ва террорситӣ дар малакатҳои мусалмонӣ фазои ҷанг ва хушунатро ташкил кардан. Инчунин бо Бен Лодин ҳам дар ташкили шабакаҳои террористи ҳамкории густурда доштанд.
Воқеан ин масъалаест, ки дар як суҳбат наметавон онро фаро гирифт ва он ба таҳқиқоти мустақил ниёз дорад. Яъне аз ҳарфҳои умумӣ, ки идеологҳои “миллификру давлатмеҳвар” ба хусус онҳое, ки дар роҳбарии ҳизби ҳокиманд бояд гузашт ва ба вазъияти Тоҷикистон дар қаринаи ҷаҳони имрӯз баҳои илмӣ бояд дод. Имрӯз ҳама ва дар ҳамаҷо қайд карда истодаанд, ки яке аз сарчашмаҳои пуршавии сафи ҷангандаҳои Давлати Исломӣ ин мавҷудияти давлатҳои номуваффақ ва низомҳои авторитарист. Аз ҷумла давлатаҳои пасошӯравӣ , ки низомҳои мустаҳкам ва солим надоранд сафи ин ҷангандаҳоро пур карда истодаанд. Бубинед, идеологҳои ҳизби ҳоким фикр надоранд, таҳлил надоранд, ки дар дунё чи мегузарад ва ин маъниро надида ва нашинохтаанд, ки таркибу бофтаҳои ҷомеа харобанд чаро ки раванди созанда дар ҷомеа вуҷуд надорад. Мутассифона, нақшаи Левис ва Ҳантингтон, ки мақсад аз ҷудо кардани мусулмонон ба мусулмони бад ва мусулмони хуб, ташкил кардани ҷангҳои шаҳрвандӣ дар мамлакатҳои исломӣ буд дар бисёре аз ин мамлакатҳо амалӣ гардид. Ва ин худ давоми тарҳест, ки Амрико зидди Иттиҳоди Шӯравӣ бомуваффақият истифода бурд ва акнун дар авҷу мавҷи Бозиҳои Нави Бузурги сиёсӣ, ки дар ин минтақа давом дорад ҳар ду тараф, ҳам Руссия ва ҳам Амрико, ин тарҳро дар муқобили якдигар мавриди истифода қарор додаанд. Дар ин раванд як нуқтаи муҳим, ки воқеан имунитети амнияти ва ё худмуҳофизатии мардуми мост бояд солим нигоҳ дошта шавад, ки ин ҷудо накардани ҷомеа ба мусулмони хуб ва мусулмони бад аст ва дигар ин мардумро дар сатҳи омма нигоҳ надоштан аст.
Он чи дар мо мегузарад шоҳиди ҳол аст, ки бо идеологиябозӣ наметавон кор кард. Дар ин муддат ҳар гурӯҳе худро ҳизб номида ва бо идеологияе худро печонда даъвии ҳастӣ, яъне даъвии давлатдори ва сиёсат карданд, вале вақт исбот кард, ки ин ҳама ҳизбҳо аз ӯҳдаи давлатсози ва сиёсат намебароянд. Ва ин чунин як чизи дигар исбот шуд, ки воқеан идеология зарур аст вале идеология дар раванди фарогир ва созандаи давлат, ҷомеаи солим ва субъектҳо ё фардҳои солим метавонад шакл гирад. Яъне то дар бораи идеология гуфтан бояд давлат, ҷомеа ва миллат дар раванде созанда сохта ва мустаҳкам шуда бошанд. Яъне идеология худ раванд аст на ҳарфи холӣ. Зери таъсири воқеияти дар солҳои охир шаклгирифта дар Тоҷикистон ҷавонони зиёде ба муҳоҷират ва аз онҷо ба Сурия, Ироқ ва дигар нуқтаҳои доғ рафтаанд. Ками ин ҷавонон ба малакатҳои Аврупо ё мамлакатҳои рӯ ба тарақӣ тавонистаанд расидан. Вале асли бадбахти ин ҷо дар дохили кишвар аст, ки раванди худкушии иҷтимоиро зери шиорҳо ва ҷашнҳои пай дар пай ва сурудҳои радио, ки дар ҳар гушаву канори ҷомеа гузоштаанд, шоҳидем. Бубинед, сатҳи фасод, мувофиқ наомадани ҳарфҳои давлатмардон ва амалҳои онҳо, набудани имкони фазосозӣ дар ватан, ки пеши муҳоҷиратва ғарибии мардумро гирифта тавонад худ баъзе аз нишонаҳои буҳрони ҳамин рӯзҳоянд.
Аслан мо чандин сол аст, ки дар буҳронем вале баъзан бо шиорҳо ва бо баъзе воқеаҳо ва фитнаҳои сохта рӯйандуд мешавад. Лек имрӯз киштии шиорҳо, ҷашнҳо, фитнаҳо ва дурӯғҳо боз як бори дигар бо яхпораи азиме бархӯрд, ки акнун қисмати болоиашро мебинем. Чаро ин мутафаккирони “миллификру давлатмеҳвар”, эътироф намекунанд, ки ин бархурд натиҷаи кори чандинсолаи ҳизби ҳоким аст ва агар он қотеъона пешгири нашавад сабаби бадбахтиҳои бештаре мегардад. Вақти он расидааст, ки фасодкорон аз ниқобҳои ҳизби ва идеологи берун андохта шаванд ва мардум онҳоро ончунон, ки ҳастанд бубинад. Дар ин бора бояд фикр кард, ки ин ҳама амалдорон ва мардуми фасодкор аз кадом ҳизбанд ва ба кадом идеология имону бовари доранд. Бо ин қавми фасодкор сад Роғун сохта шавад ба фоидаи мардуми Тоҷикистон нест.
Озодагон: Лутфан ’био – сиёсат”- ро шарҳ медодед, ки чист ва бо идеология чи қаробате дорад!
Меҳмоншоҳ Шарифзода: Ин истилоҳро Рудолф Кҷеллен (Rudolf Kjellen) сиёсатшинос ва сиёсатмадори шведсиягӣ, ки истилоҳи ‘геополитика’- ро ҳам сикка заддаст, истифода карда, вале аслан бо корҳои Мишел Фуко машҳур шуд. Фуко дар дарсҳои худ , ки бо унвони “Ҷомеа бояд ҳимоят карда шавад” (Society Must Be Defended) дар солҳои 1975 -1976 хонда буд, ки дар бораи пайдоиши давлатҳои нав, технологияҳои қудрат ва шаклҳои дониш қисса мекунад. Ҳар як шакли ҳукумрони дониши ба худ мувофиқ доранд. Ин ҷо суҳбат дар бораи муносибати давлат ба субъектҳои худ меравад, ки давлат чи гуна муносибат мекунад. Яъне давлат ба мардуми худ ҳамчун ашёи хом муносибат мекунад ва ё ба онҳо имкони доштани ҷомеаи инсониро медиҳад. Воқеиятеро, ки дар боло дар бораи набудани идеология ва инчунин набудани раванди созанда дар Тоҷикистон ҳарф задем яке аз нишонаҳои био — сиёсат аст.
Дар ин сарзамин аз як тараф, идеология ва раванди созанда нест, аз тарафи дигар ниҳодҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ харобанд ва кори худро дуруст ба роҳ намондаанд. Чун созандаги нест давлат дар ҳама кору бори мардум худро бозингари асосӣ меҳисобад ва дар ниҳодҳое мисли оила, мактаб, корхонаҳо, ҳабсхонаҳо ва ғайра танҳо қудрати худро ҷисман ва рӯҳан болои мардум таҳмил мекунад. Ин як аппарати назорати болои оммаи мардум аст. Вале дар ҷомеаи Тоҷик падидаи дигареро ҳам метавон мушоҳида кард, ки давлат аслан ба касоне, ки бо мушкилотҳои ҷомеа ва давлат коре надоранд коре надорад ва нисбат ба онҳо сиёсати “рӯ ба раҳми худо” — ро роҳ андози кардааст. Яъне давлат, давлати на ҳамаи мардуми Тоҷикон аст … Ин падида дар баробари био — сиёсат дар Тоҷикистон ба як таҳқиқот ва суҳбати мустақил ниёз дорад.
Озодагон: Оё онҳое, ки имрӯз бо шиорҳои баланд даст ба сохтани идиология миллӣ мезананд то чи андоза ҷаҳони имрӯз ва атрофи худро шинохтаанд?
Меҳмоншоҳ Шарифзода: Ҷавоби кӯтоҳ ин аст, ки не, ҷаҳони атрофи худро нашинохтаанд, зеро бо ҳама ин ки дар бораи ҷаҳонишавӣ ҳарф мезананд худ ҷаҳонӣ нашудаанд. Ҷаҳонишавӣ, ки ҳама давру замонҳо вуҷуд дошт ҳатто дар давраи санг, вагарна мо дар ҳамон давра мемондем. Акнун ин ҷо агар рӯи таърихи назария ва маънии ҷаҳонишавӣ баҳс дошта бошем вақти зиёдеро метавонад гирифтан. Ин баҳсро ба фурсати дигар гузошта ин ҷо танҳо он фурсати ҷаҳонишавиро, ки мо алъон дар он қарор дорем бояд то ҷое равшан кунем, ки ҷаҳон дар куҷост ва мо дар куҷоем. Ва дигар ин ки он хусусиятҳои асосиро, ки фурсати ҷаҳонишавиро имрӯз муаян мекунанд бояд шинохт. Метавон гуфтан, ки Тоҷикон дар сарзамине зист доранд, ки аз қадим боз нуқтаи бархурди тамаддунҳо, фарҳангҳо ва дину таълимотҳои гуногун аст. Ва Тоҷикон мардумеанд, ки воқеан фарҳангсолор буданд ва ин бо табиати онҳо сиришта шудааст. Ва дар ҳар гуна фурсатҳои ҷаҳонишавӣ, метавонистанд тамаддуни ё фарҳанги навро шинохтан ва арзишҳои хубро бо муҳити худ созиш додан, ки аз қадим боз дар ин минтақа сабаби инкишофи муносибатҳои савдоӣ, пайдоиши шаҳрҳо ва ташаккули давлатҳо гардад. Ва таҷрибаи аз ҳама равшан, ки дар таърих дарҷ шуда ин ташаккулёбии давлати Сомониён аст , ки ин қавм тавонист бо синтези фарҳанги Исломӣ, Ориёи ва Юнонӣ ва мардуми дигари ин минтақа давлат , ҷомеа, субъектҳо (шахсият) ва фарҳанги мустақили худро шакл диҳанд. Дуввум дар ин фурсатҳои ҷаҳонишавӣ бархурдҳои фарҳангӣ ҳам дида мешаванд, ки боиси кучишҳо ва ҳиҷрати мардум ба дигар сарзаминҳо мегардид, ки дар дигар сарзаминҳо маҳала ё диаспораҳои худро ташкил медоданд. Дигар ин ки ин фурсатҳои ҷаҳонишавӣ боиси ташаккули қудратҳои маҳаллӣ мегардад.
Озодагон: Шояд аввал худи мафҳуми “фурсати ҷаҳонишавӣ” — ро равшантар кунем!
Меҳмоншоҳ Шарифзода: Ба таври умуми рӯйдодҳо, воқеаҳо ва инқилобҳои фарҳангиро, ки аз давраи асри санг ки ба инкишофи савдо ва пайдоиши шаҳрҳо, инчунин пайдоиши суннатҳои бузург ва фарҳангҳои мардуми Ориёӣ , Сомӣ, Юнони — Румӣ, Византиё, Ислом ва даври нави (modernity) сармоядориро метавон ба ин фурсатҳои ҷаҳонишавӣ ё воқеаҳое, ки дар сохтмони ҷаҳони мардум нақше бориз доранд, дохил кард. Акнун мо дар кадом фурсат қорор дорем вақте, ки ҷаҳон худ ба истилоҳи ҷомеашинос Гидденс дар ҳоли гурез аст. Яъне ҷаҳонишавӣ имрӯз як ҳолати “ҷаҳони дар гурез” (runaway world) — ро ба вуҷуд оварда, ки ба гуфти ин ҷомеашиноси калидии ғарб, ки ин шароити нави ҷаҳонишавӣ ба иродаи умумии инсонҳо ва низоми ҷаҳони коре надорад ва қувваҳое дорад, ки мардум болои он қудрате надоранд (Giddens, Runaway World: How Globalization Is Reshaping Our Lives, 2000).
Низоми нави ҷаҳони дорад шакл мегирад, ки маркази он имрӯз Амрикост, вале қисмате аз ҷаҳон ин гуна равиш ва шаклгирии низоми навро қабулдор нестанд. Илм ва технология то кадом сатҳе ин ҷаҳонишавиро тақвият мебахшад вале дар ҳамон сатҳ боз ба мардуме, ки бо ин тарзи ҷаҳонишавӣ муқовимат доранд аз илм ва технологияи муосир истифода мекунанд. Як мисра аз Абулмаъонӣ Бедил ҳамин ҳолатро тавсиф мекунад “Ба ҳар тараф нигари худсари ҷунун дорад, Ҷаҳон хатест, ки беруни мистар афтодааст. …” . Ин маъни як нуктаи муҳимест, ки бояст дар ёд дошт, ки имрӯз дар ин фурсати ҷаҳонишави на танҳо идеологҳои мо “бечораанд”, ки шикоят аз ҷаҳонишавӣ доранд балки ҷаҳони аввал , ки худ маркази ҷаҳонишавист , худ ба ин мушкилот рӯ ба рӯст, ки чи гуна низоме дорад шакл гирифта истодааст.
Вале ба фикри ман мушкили дар ҷаҳонишавӣ нест , ба хусус барои мардуме, ки дар импературии Шӯравӣ зистаанд. Мушкилии идеологҳои мо дар ин аст, ки воқеан ҷаҳони нашудаанд ва дар сатҳи музофоту имаҳаллҳои худ мондаанд. Мушкили танҳо ин нест, ки бештари зиёиҳо , интеллектулҳои ин миллат дар даҳсолаи ахир аз интернет ва шабакаҳои он дуруст истифода бурдан наметавонистанд ва то ҳанӯз наметавонанд ё ин ки забони ҷаҳони имрӯзро намедонанд ва ин ҷо мақсад аз забон на танҳо донистани забони инглисист, балки мақсад донистани забони рамзҳо , маъниҳо ва назарияҳост, ки ҷаҳони имрӯзро шакл медиҳанд. Балки мушкили ин аст, ки ин мардум дар батни фарҳанг ва субъектҳои худӣ механизмҳо ва технологияҳои шинохт, халлоқият ва созандагиро гум кардаанд. Ин аст, ки фасод дар ҳама таркибҳои ҷомеа реша давондааст. Таъсири турктозиҳои зиёди таърихи ва давраҳои истеъморӣ ҳам ҷой дорад. Бубинед, тоҷик на коммунист, на демократ ва на исломиаш, аз ӯҳдаи сохтани ҷомеа ва давлату миллат набаромаданд ва намебароянд. Агар мақсад ҷамъ кардани ҳаёти парокандаи мардуми Тоҷикистон аст таҷрибаи шӯравӣ барои мардуми огоҳ беҳтарин таҷриба аст. Чунон ки дар боло зикр кардем дар зери пардаи идеологияи марксистӣ ҳам бошад ҷаҳонишавии тоҷикон аслан дар давраи шӯравӣ ба анҷом расида буд. Аз ин таҷрибаи таърихи он раванди созандаеро, ки болшевикон роҳандози карданд бояст зинда кард, ки истеҳсолот, саноат ва рифоҳи иҷтимоӣ бунёди ҳаёти осоиштаи мардум аст ва инчунин дар ин роҳ зарурати илмро хуб дарк карда буданд. Ва инчунин диктатураи як ҳизб ва идеологияи яктарафа, ки ба нестшавии ин давлати пуриқтидор расонид як дарси дигар барои омӯзиши идеологҳои ‘миллитаффакуру давлатмеҳвари’ мост.
Ин аст, ки дар фарқият аз дигар давлатҳои мусулмоннишин, Тоҷикон таҷрибаи хуби ҷаҳонишавӣ ва ё модернизстсияшавиро аз сар гузаронидаанд, ки имкон медиҳад воқеан ҷаҳони худро сохта бошанд аз ҳад зиёд муҳтоҷи грант ва идеологияи дигарон набошанд. Бубинед Норвей давлатест, ки аз мо аҳолии камтар дорад вале имрӯз воқеан давлати соҳибистиқлол аст аз касе ёрии башардӯстона намегирад, балки ёрии башардӯстона медиҳад ва мисли мо муҳоҷир истеҳсол намекунад, балки қабул мекунад. Давлат воқеан дар дасти фасодкорон нест ва барои мардум кор мекунад. Дар кучаҳо шиорҳои сиёсии оварда аз осори ягон пешворо намебинӣ. Беҳтарин донишгоҳҳо, китобхонаҳо, донишҷуйҳо, роҳҳои ҷустуҷу, фикрҳо, баҳсҳо ва дар ҳама соҳа ихтироот доранд. Мушкили бо дин надоранд мардуми диндор дар калисову канисо ва масҷидҳои худ ба таҷрибаи динии хеш машғуланд.
Инчунин идеологҳои давлатмеҳвар натавонистанд як ҳаракат ва ё маркази воқеан илми — таҳқиқотӣ, ки афкори худӣ ва ҷараёнҳои фикрии пешқадами дунёро ба таври холисона барраси кунад ташкил кунанд. Илму дониш дар ҷомеа ҳануз ҳам аз ҳукумронии фаннҳои фалсафа — таърих — филология — шарқшиносӣ озод нашудааст. Уллуми иҷтимоӣ ҳанӯз машруъият надоранд. Ин аст ки аз иллюзияи сохтани “идеологияи милли” ҳанӯз халос нашудаанд. Чаро ин маъни иллюзия ҳаст, зеро дар борааш танҳо ҳарф мезананд ва ин маъниро бо қиссаи овардаи Мавлоно дар бораи саёде, ки сайдро монда аз қафои сояи сайд медавид хубтар метавон дарк кард. Ва дигар иллюзия ё хато, ки ин мардум гирифтор шуданд, ин буд ки танҳо бо такя бо ақли инструменталӣ ё ақли маош метавон ҷомеаро сохт.
Намояндагони мактаби танқидии Франкфурт Ҳоркҳаймер, Адорно, Маркузе, Бенҷамин ва дигарон ин иллюзияро дар аввалин таҷрибаҳои сотсиализм дар Иттиҳоди Шӯравӣ дар охири солҳои сиюм ва инчунин таҷрибаи миллатгароёни Олмон, ки ба нест кардани яҳудиёни Аврупо даст зада буданд, дарк карданд. Албатта дар ҷомеаи мо ин ки дар бораи ақлу илму технология ҳарф мезананд танҳо шиор аст ва дар амал нест. Ин танҳо шиорест, ки гӯё арзишҳои динӣ моро аз инкишоф ва тараққӣ нигоҳ доштаанд, ки аслан чунин нест. Гуфтаниам, ки ҳизби ҳоким дар ин муддати ҷаҳонишавӣ, ки ҷаҳон дар ҳоли гурез аст ва низоми нави ҷаҳони дорад шакл мегирад, бояст ки ҷаҳони мардуми худро мустаҳкам мекард ва онҳоро бо ҳам меовард, ки накард ва акнун, “расидаем ба пое, ки дар гил афтодаст” (Бедил).
Озодагон: Гоҳе аз бутпарастони Чин ҳарф мезананд гоҳе попҳои Аврупоро мехоҳанд намуна биёранд? Ҳатто идаoе ҳаст тарҳи пул низ дар ба вуҷуд омадани идиология нақши сарнавиштсозе дорад (мисли долари амрико). Ва ҳатто барои дарёфти қарзу грантҳо баъзе кишварҳо мехоҳанд идиологияи худро ба он кишварҳое наздик кунанд, ки ба онҳо қарзу грант медиҳанд…. Дар шароити имрӯз ин чи хатар барои ояндаи миллатҳо дошта метавонад ё ин як кори мумкин дар дипломатияву сиёсат аст?
Меҳмоншоҳ Шарифзода: Албатта ҷаҳонишавӣ бозингарони огоҳ ва зирак мехоҳад. Агар давлат мустаҳкам ва ҷомеа солим бошад ин ҳарфҳои зикр кардаи шумо мушкиле надоранд. Имрӯз он чи дар мо мегузарад исботи он аст, ки сиёсатмадорони мо дониш ва қудрати будан дар ин фурсати ҷаҳониро надоранд ва мақолоте ки дар ин бора нашр мешаванд ҷуз ҳарфи умуми ва насиҳатнома чизи дигаре нестанд. Ин аст, ки ба арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳои худӣ дигар имон ва боварӣ надоранд. Вақте идеологҳои мо дар бораи нобовари ба идеологияҳо, чунон ки Лотард дар солҳои 70 — уми асри гузашта гуфта буд, ҳарф мезананад он дар ҷои холист. Гузашта аз ин ҷомеа қариб дар ҳама сатҳҳо ва таркибҳо ба фасод ва маризиҳои дигар гирифтор аст. Ва заиф кардани арзишҳо, идеяҳо ва ормонҳои мардум ин равандро боз ҳам қавитар кардааст. Истеҳсолоти сотсиалистӣ ва фазои ба он мувофиқ шикаста шудааст ва истеҳсолоти сармоядорӣ ва фазои ба он мувофиқ ҳанӯз сохта нашуда.
Агар дар Шӯравӣ мегуфтанд, ки бисёр ҷомеаҳо имкон дорад ҷомеаи сармоядориро нагузашта ба ҷомеаи коммунисти гузариш дошта бошанд акнун дар рӯ ба рӯ воқеияте истодааст, ки бояст ҷомеае бар асоси илм сохта дошта бошем. Вале куҷо ҷомеасози ва куҷо ин қавми дар сатҳи маҳал ва музофот фикр кунанда. Танҳо гурӯҳе фасодкор дар баҳои шикастани ҷомеа ва муҳоҷиру парокандакардани мардуми ин сарзамин барои худ ва авлоди худ “ҷомеаи сармоядори” сохтанианд. Агар дар ёдат бошад собиқ роҳбари ҳизби коммунистӣ Исмоил Талбаков бо ишора ба ин ҳолат гуфта буд, ки “мо сотсиализм месозем, демократия дар ҷангал.” … Ин дар ҳолест, ки мардуми мо дар фарқият бо ҷомеаҳои мусулмонии дигар, таҷрибаи Шуравиро аз сар гузаронидаанд ва чи будани идеологияро хуб медонанд, ва инчунин имрӯз дар давраи истиқлол бояст, ки бори дигар бо сохтани ҷаҳони худ фарҳангсолории худро дар ин минтақа исбот карда тавонанд.
Ва боз ҳам мебояд зикр кард, ки танҳо бо “шоҳномахонӣ’, “маснавихонӣ”, “айнихонӣ” ва фалсафаи ҷамшудӣ наметавон, давлату миллатро мустаҳкам кард ва идеологияи миллӣ сохт. Ин ҷо донишу таҷрибаи мардуми созандаи дунёро бояд омӯхт. Ин ҷо фикри зинда ва зарфиятҳои нав барои маъниҳои нав заруранд. Фикри Тоҷик имрӯз вазн ва суръат надорад. Мақсад агар сохтани ҷомеаи инсони — тоҷикист чаро асарҳои Вико, Маркс, Полланий, Бордюе, Лефебвре, Ҳайек, Фуко, Даҳрендорф, Делюз ва дигаронро дар бораи сохтмони ҷомеа ва инсон нахонд ва таҳлили танқидӣ накард ва ба онҳо ҷавоб нанавишт. Ва аз дигар сӯ чаро худро пурра маҳву таслими фикр ва фарҳанги дигарон кардан ва барои фарҳанги худи дар ҷаҳони нав ҷои пой таёр кардан натавонистан.
Озодагон: Ҳастанд мардуме, ки мегӯянд, ки идеологияро дар муқобили фарҳанг мегузоранд. Оё фарҳанг ҷои идеологияро гирифтан метавонад?
Меҳмоншоҳ Шарифзода: Ба фикрам ин мардум аз таркибҳои иҷтимоӣ ва таркибҳои фарҳангии ҷомеа, ки аз ҳам фарқ доранд кам хабар доранд. Имрӯз чунин каҷфаҳмиҳо на фақат нисбати идеология, балки нисбати фарҳанг ҳам дар мо вуҷуд доранд, ки сабабаш нахондани адабиёти мавҷуда дар уллуми иҷтимоӣ дар ин мавзӯҳо ва инчунин худ надоштани таҳқиқоти амалӣ дар батни ҷомеа ва фарҳанг дар ҳамин мавзӯҳост. Баъзан мақолаҳое менависанд, ки бисёр зарфиятҳоро аз ҷумла дину оин, идеология, фарҳанг ва инчунини сиёсатро бо ҳам омехта мекунанд. Ҳар ки идеологияро инкор мекунад илм дар бораи ҷомеа ва раванди сохтани ҷомеаро инкор мекунад. Ва барои ҷомеаҳое, ки пӯё ва дар раванди созандагӣ ҳастанд шинохти мақом ва ҳудудҳои ин ҳама назарияҳо заруранд. Бубинед дар уллуми иҷтимоӣ касоне, ки ба антропология машғуланд ва ҳар чиро дар ҳоли инкишоф мебинанд, фаҳмишҳои классикии фарҳангро ба таври танқиди таҳлил мекунанд.
Фарҳанг ин танҳо барои шинохт ва фарқ кардани як қавму миллат аз дигараш нест ва ё фарҳанг мисли Левиофани Ҳобс танҳо як низоме нест барои пеши роҳи ҳарҷу марҷ (хаос) ва беахлоқиро гирифтан. Дигар ин ки баъди нашри осори Мишел Фуко (1978, 1980) намояндагони уллуми иҷтимоӣ, антропологҳо ва мардумшиносҳо ва умуман касоне, ки ба омӯзиши фарҳанг машғуланд идеяи муносибатҳои қудратиро қабул кардан ки дар ҳама таркибу бофтаҳои sомеа нақше ҳалкунанда дорад ва инчунин корҳои Бордюе (1977) ва Мишел де Киртау (Michel de Certeay, 1984) дар хусуси амали фаъолонаи мардум ҳамчун агентҳои фаъол, ки фарҳангро аз нав тафсир мекунанд ва онро мувофиқ ба талабҳои худ дигар мекунанд. Яъне фаҳмиданд, ки фарҳанг як чизи зинда дар ҳаракат ва созанда аст . Ва дигар масъалае, ки дар баҳси фарҳанг барои мо омузанда аст ин аст ки мардум аз назарияи пешниҳодкардаи марксисти итолиёи Антонио Грамши дар бораи гегемонияи фарҳангӣ бояд огоҳ бошанд.
Имрӯз, мутассифона, чи хел ки дар боло зикр кардем зери шиори “ҷанг бо террор”, фарҳанги маҳаллии мардуми моро сиёсӣ ва намояндагони ин фарҳангро ба қатори бунёдгаро ва террористони эҳтимолӣ дохил кардаанд. Ҳудудҳо ин сиёсатро бояст, ки мешинохтанд ва касоне бояд ба ин кор машғул мешуданд, ки аз ин фарҳанг дуруст огоҳи доранд. Аз дигар сӯ фарҳангро ҳамчун як чизи шахшуда нигоҳ доштаанд ва қобилияти муқовиматии фарҳанги мо ва намояндагони ин фарҳангро аз байн бурдаанд. Ин аст ки фасод ва ҷаҳл ба осони дар таркибҳои ин фарҳанг реша медавонад. …
Мусоҳиб Далер Шарифов
Баҳори 2017