Созмони зиндонҳои Русия рӯзи душанбеи 28-уми декабр ба Алексей Навалний, аз мухолифони ҳукумати Путин эълон кард, ки як рӯз фурсат дорад худро дар яке аз дафтарҳои ин созмон сабти ном кунад ва дар ғайри он, агар пас аз ин муҳлат ба Русия бозгардад, ба зиндон хоҳад рафт. Навалний дар охири моҳи август заҳролуд шуд ва барои табобат ба Олмон рафт. Таҳқиқотҳое мухталифе, ки анҷом шудааст, ҳукумати Русияро масъули ин заҳролудкунӣ медонад. Ҳукумати Русия ин масъаларо ҳамвора рад кардааст.
Созмони федералии зиндонҳои Русия дар баёнияе гуфтааст, мақолае, ки табибони як бемористони Берлин дар як маҷаллаи тиббӣ нақл кардаанд, далели он аст, ки Алексей Навалний ба таври комил беҳбуд ёфтааст.
Созмони зиндонҳои Русия хостори он шудааст, ки Навалний дар робита ба ҳукми шартии севуним сол ҳабс, ки дар соли 2014 маҳкум шуда буд, субҳи сешанбе худро дар яке аз дафтарҳои ин созмон сабт кунад. Дар ин баёния гуфта мешуд, ки агар ӯ муҳлати муқарраршударо аз даст диҳад, ҳини бозгашт ба Русия зиндонӣ хоҳад шуд.
Алексей Навалний, ки пеш аз ин гуфта буд пас аз шифои комил ёфтан ният дорад ба Русия бозгардад, ин дархостро ба масхара гирифтааст ва дар паёми твиттерӣ навиштааст, ки ишораи Созмони зиндонҳо ба ин мақола, ба маънои қабули ин воқеият аз сӯи Маскав аст, ки ӯро заҳролуд кардаанд.
Ӯ дар ин паёми твиттерии худ навишт, «ин ба он маъно аст, ки ҳукумат расман заҳрлоудкуниро ба расмият шинохтааст. Пас парвандаи ҷиноӣ дар ин робита куҷост?»
Алексей Навалнийи 44-сола, яке аз сарсахттарин мухолифони ҳукумати Русия дар охирҳои моҳи августи имсол ҳини парвоз аз яке аз шаҳрҳои Сибир ба тарафи Маскав, бар асари заҳролудшавӣ бемор шуд ва дар бемористоне дар шаҳри Омск бистарӣ шуд.