Categories Хабарҳо

Соли пурчолишу пурталафоти 2020 ба поён расид

Инак, пурчолиштарин сол дар 70 соли охир ба поёни худ расид. Ин сол бо хабари пайдо шудани вируси кушандаи наве бо номи Ковид-19 шурӯъ шуд ва бо ҳамин хабар, ки шумори гирифторшудагон ба 83 миллиону ҷонбохтагон 1,8 миллион расидааст ба поён мерасад. Бо нотаи умедворкунандаи шурӯъи воксинзанӣ дар бештари кишварҳои ҷаҳон. 

Бӯҳрони иқтисодие ҳам, ки аз паи вирус шурӯъ шуд бузургтарин бӯҳрон дар 70 соли охир гуфта мешавад. Дар натиҷаи ин бӯҳрон иқтисоди кишварҳо аз 10 то 30 дарсад хурдтар шуд, садҳо ҳазор ширкату корхонаҳо муфлис шуданд ва индустрияи фароғату истироҳат ва хӯроки умумӣ тақрибан аз фаъолият боз монд. Даҳҳо миллион нафар ҷои кори худро аз даст доданд, аз ҷумла ҳудуди миллион муҳоҷири тоҷик, ки ё бинобар баста шудани роҳҳо дар кишвар монданд, ё бинобар карантинҳо аз кори доимиашон маҳрум шуданд. 

Тоҷикистон ҳам аз балои вирусу бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ канор намонд, балки бинобар бемасъулиятиву ноӯҳдабароии роҳбаронаш, дар мобайнтарин нуқтаи ин гирдоб қарор гирифт. Ҳукумат аз гирифтории ҳамагӣ 12 ҳазору марги 90 нафар аз асари вируси коруно мегӯяд, аммо табибону коршиносон ба ин назаранд, ки шумори гирифторон дар кишвар садҳо ҳазор ва ҷонбохтагон ҳазорҳост. Танҳо шумори онҳое, ки аз маргашон дар расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода шуд, на камтар аз 1000 нафаранд. 

Ҳамчунин ҳукумат таъсири пандемия ба иқтисоди кишварро хеле камтар аз будаш нишон медиҳад ва ба ҳамон рушди бештар аз ҳамсояҳо таъкид мекунад. Аммо коршиносон мегӯянд танҳо аз ҳисоби вуруди пули муҳоҷирон ба кишвар 40-50 дарсад камтар шуда, иқтисод ҳам на камтар аз 30 дарсад кучактар шудааст. 

Агар барои ҳама кишварҳои ҷаҳон соли нави 2020 фоҷеъаву балоовар буд ва онро соли наҳсе таъбир мекунанд, барои Тоҷикистон соли нави аҷдодӣ низ балову мусибат овард ва на камтар аз соли нави мелодӣ. “Пешво” нахост рақси омодакардааш барои ҷашни Наврӯз ва суруду шеърҳои дар васфаш эҷодшударо лағв кунад ва замоне ки вируси коруно дар кишвар сайр мекарду нуктаи ҷӯшаш шаҳру Хуҷанду атрофи н гуфта мешуд, дар ин шаҳр ҷашни умумиҷумҳуриявии Наврӯзро баргузор кард. Бо беэътиноӣ ба даъвати мутахассисону коршиносони дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла Созмони бонуфузи беҳдошти ҷаҳонӣ. Ин ҷашн, ки дертар мардум онро “ҷашни сархӯри Наврӯз” унвон кард, боис шуд вирус дар камтарин муддат ба тамоми кишвар паҳн шавад. 

Мақомот то дер вуҷуди вирус дар кишварро эътироф намекарданд ва танҳо як рӯз пеш аз сафари намояндагони Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ маҷбур ба эътироф шуданд. Сабаби ин пинҳонкории ҳукуматро коршиносон дар ин медоданд, ки Эмомалӣ Раҳмон намехост вуҷуди вирус ба курсии рақами 2-и кишвар шинондани писараш соя афканад. 

Дар ин соли пурфоҷеъа Тоҷикистон даҳҳо фарзанди фарзонаашро аз даст дод. Олимон, табибон, генералҳо ва ҳунарманддони зиёде моро тарк гуфтанд, ки Худо ҳамаашонро раҳмат намояд. 

Дар соле, ки аксари кишварҳо ҷашну маросим ва маъракаҳои сиёсиро ба таъхир гузоштанд, Тоҷикистон на танҳо ҷашни Наврӯз, ду интихобот ҳам баргузор кард, ки пояҳои ҳукумати хонаводагии Эмомалӣ Раҳмонро тақвият дод. Дар интихоботи парлумонӣ вакилону ду палатаи парлумон бо раисонашон иваз шуда, Рустами Эмомалӣ, писари 32-солаи раисҷумҳур ба курсии раёсати Маҷлиси Миллӣ такя зад ва нафари дувум дар кишвар шуд. Минбаъд дар сурати беморӣ, корношоямӣ ё марги Эмомалӣ Раҳмон, идораи давлат ба таври автоматӣ ба дасти писараш мегузарад. 

Дар интихоботӣ раёсатҷумҳурӣ худи Эмомалӣ Раҳмон бо “касб”-и 92 дарсади овозҳо курсиашро ҳифз кард ва барои 7 соли дигар, агар зинда монад, “курсиашро кафшер кард”.

Пинҳонкориҳои ҳукумат дар ироаи омори пандемӣ, бемасъулиятиву фасодкории мақомот боис шуд даҳҳо ҳазор муҳоҷири кории кишвар рӯзҳову ҳафтаҳо дар фурӯдгоҳҳои Русияву кишварҳои дигари ҷаҳон саргардон шаванд. Дар ҳоле, ки кишварҳои дигари ҷаҳон бозгашти шаҳрвандонашон ба ватанро дар кӯтоҳтарин муддат таъмин карданд, мақомоти тоҷик даҳҳо ҳазор шаҳрванди ҷомадонбапушти худро дар саросари ҷаҳон раҳо карданд, то онҳо бар замми азобҳои дигари муҳоҷират, азоби саргардониҳо дар фурӯдгоҳҳоро низ бичашанд. Ҳатто шурӯъи баргардонидани шаҳрвадон ба ватан, ки мақомот онро чун “иқдоми хайрхоҳонаи пешвои миллат” ҷилва доданд, аслан бизнеси хонаводагии раисҷумҳур буд. Дар ҳоле, ки бештари кишварҳо бепул ё бо арзонтарин қимат шаҳрвандони худро интиқол доданд, и Сомон Эйр, ширкати ҳавопайпоии мутааллиқ ба хонаводаи Раҳмон то 1500 доллар фурӯхта мешуд. Ин ширкати хонаводагии “пешвои миллат” дар сахттарину вазнинтарину мусибатбортарин ҳолат миллати худашро ғорат кард. 

Имсол ҳам озодкунии ширкатҳои мутааллиқ ба хонаводаи раисҷумҳур  ва монополиясозии бизнес идома кард ва парлумон чанд ширкату сохмонҳои аъзои Оиларо аз андоз озод намуду фарзандони Эмомалӣ Раҳмон чанд бизнеси дигарро монополия карданд.  

Яке дигар аз шармовартарин рӯйдодҳои сол дуздии кӯмакҳои хориҷӣ аз ҷониби фарзандону домодҳои раисҷумҳур буд. Аз садҳо миллион доллар кӯмаки пуливу даҳҳо ҳазор тон кӯмакҳои маҳсулотӣ, чизе ба мардум нарасид. Ба ҷуз чанд кило картошкаи пӯсидаву 3-литрӣ равған, ки қисме аз табибон дарёфт карданд. 

Дар ин соли пурмусибат, пас аз се соли эълон ботантанаи раисҷумҳур дар бораи афсона шудани лимити барқ, он дубора баргашт ва ду моҳи дароз мардумро дар сардиҳо ба торикӣ фиристод. Мақомот аввал камбуди барқро ба поин рафтани сатҳи об, сипас ба таъмирҳои ҷорӣ нисбат доданд. Аммо дертар дубора баҳонаашон тағйир кард ва сабаб камбуди об эълон шуд. Ҳамчунин мақомот гуфтанд фурӯши барқ ба хориҷ  пурра қатъ шудааст, аммо дертар маълум шуд, миллионҳо Квт барқ фурӯхта шудааст. Дар замоне ки шаҳрвандони кишвар ва соҳибони аслии ҳамин барқ дар торикиву сардӣ менишастанд. 

Имсол қарзи хориҷии Тоҷикистон ҳам бо суръат боло рафт ва аз марзи 40 дарсади Маҷмӯъаи маҳсулоти дохилӣ убур кард. Нақшаи буҷа иҷро нашуд ва ҳазорон муаллиму дигар кормандони буҷа моҳонаи худро сари вақт дастрас намекунанд. Кормандони “сохтмони аср” — НОБ Роғун 7 моҳ аст, ки ҳақи ҳалоли худро гирифта наметавонанд ва бидуни музд кор мекунанд. 

Ҳарчанд ин сол пур аз дарду ғам ва мусибату гирифторӣ буд, рӯйдодҳое ҳам дошт, ки умедҳоро ба ояндаи нек бештар кард. Яке аз чунин рӯйдодҳо бедории сиёсии бесобиқаи мардум, бахусус муҳоҷирон аст. Ҳазорон муҳоҷир имсол садои эътирози худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ баланд карданд ва ин шумор рӯз ба рӯз дар ҳоли афзоиш аст. 

Дар кишвар ҳам садоҳои эътирозӣ торафт болотар мешаванд. То як соли қабл мардум агар ҳатто аз баҳси сиёсӣ ва гуфтугӯ дар ин мавзӯъ фирор мекард, имрӯз дар маъракаву ҷамъомадҳо, тӯйу сур ва азову маҳфилҳо садоҳои эътирозӣ ва норозигӣ ҳарчӣ бештар шунида мешавад. 

Умедворем дар соли нав ин бедорӣ суръати бештар касб мекунад ва озодии деринтизорро ба мардуми азиятдидаи тоҷик армуғон меоварад.    

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *