Рубрики Хабарҳо

Ҳавои Душанбе барои зиндагӣ хатарнок эълон шуд

Ҳавои Душанбе,пойтахти Тоҷикистонро  созмони World’s Air Pollution, ки вазъи олудагии ҳаворо дар шаҳрҳои ҷаҳон арзёбӣ мекунад,  номидааст. 

Гуфта мешавад, хулосаи созмон бар асоси нишондодҳои дастгоҳе ҳосил шудааст, ки дар сафорати Амрико дар Тоҷикистон ҷойгир аст.

Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ менависад, ки масъулони Раёсати ҳифзи муҳити зисти пойтахт ҳарчанд гуфтаанд, ки барои арзёбии пурраи ҳавои Душанбе таҷҳизоти кофӣ надоранд, арз кардаанд, ки дастгоҳи воқеъ дар бинои сафорати Амрико ваъзи олудагии ҳаворо танҳо дар як гӯшаи Душанбе нишон медиҳад.

Ҳасан Шеров, корманди Раёсати ҳифзи муҳити зисти Душанбе, ба расона гуфтааст, айни замон, ҳар рӯз беш аз 80 ҳазор воситаи нақлиёт дар роҳҳои пойтахт ҳаракат мекунанд ва аз ин ҳисоб беш аз 35 ҳазор тонна партов ба ҳаво хориҷ мешавад.

Мақомот дар ҳоле афзоиши ҳаракати мошинҳоро аз сабабҳои ташвишовар барои олудагии ҳаво медонанд, ки сокинон бештар аз чангу ғубори корхонаҳои назди маҳалли зисташон нигаронанд.

Ширкати  «Сементи тоҷик» ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе (ТЭЦ), ки аз ҷониби ширкати TBEA-и Чин сохта шудааст, борҳо мавриди интиқоди баъзе аз сокинону мутахассисони ҳифзи муҳити зист гардидааст. 

Ба гуфтаи масъулон, аз 17 ҳазор тонна партове, ки солона корхонаҳои воқеъ дар Душанбе ба фазо партоб мекунанд, 14,5 ҳазор тоннааш ба Маркази барқу гармидиҳии Душанбе рост меояд.

Шикоятҳо аз дуди ғализи коргоҳҳои оҳангудозии Душанбе, ки бо технологияҳои кӯҳнаи чинӣ кор мекунанд, низ пайваста аз сӯи сокинон садо медиҳад. 

Тибқи маълумоти додаи бахши экологии ҳукумати Душанбе, аз 24 коргоҳи оҳангудозии ҳудуди пойтахт, аксари онҳо ё барҳам хӯрдаанд ё аз ҳудуди Душанбе ба берун кӯчонда шуданд.

Коршиносон,  пойтахти Тоҷикистон бо назардошти мавқеи ҷуғрофиаш аз лиҳози олудашавии ҳаво осебпазир медонанд.  Сокинон солҳои охир аз чангу хок гирифтани хонаҳояшон ва дуди ғализ дар фазои шаҳр шикоят доранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *