Рубрики Хабарҳо

Бозиҳои соҳилии Осиё дубора ба таъхир афтоданд

Бозиҳои соҳилии Осиё дар шаҳри Саняи Чин ба далели пандемияи коронавирус бори дуюм мавқуф гузошта шуд.

Бо пахши як изҳорот Шӯрои олимпии Осиё (OCA) тасдиқ кард, ки ин чорабинӣ дар санаҳои пешбинишуда — аз 2 то 10 апрели соли 2021 — баргузор нахоҳад шуд. Дар аввал бозиҳо мебоист аз 28 ноябр то 6 декабри соли 2020 баргузор мешуданд.

Ба иттилои ОСА, санаи нави бозиҳо пас аз машварати муштараки ҷонибҳои манфиатдор муайян карда мешавад.

Ин тасмим баъд аз он ба миён омад, ки як намунаи нави коронавирус дар Бритониё, ки гумон меравад, то 70 дарсад бештар интиқолшаванда аст, афзоиш ёфт ва нигарониҳои зиёде ба вуҷуд овард.

Саня, ки дар ҷануби ҷазираи Ҳайнани Чин ҷойгир аст, мебоист шашумин мизбони Бозиҳои соҳилии Осиё бошад. Интизор меравад, дар ин чорабинӣ беш аз 2000 варзишгари 40 давлат иштирок ва аз рӯи 19 намуди варзиш қувваозмоӣ кунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *