5 январ парвозҳо байни Тошканду Душанбе шурӯъ мешаванд
Ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон Эйрвиз» нахустин парвози ихтисосии худро аз «Тошканд» ба «Душанбе» ва баръаксро фардо 5 январ анҷом медиҳад.
Парвози шумораи HY-3717 рӯзи 5 январи соати 9:30 ба вақти маҳаллӣ аз «Тошканд » парвоз ва соати 10:30 дар фурӯдгоҳи байналмилалии «Душанбе » ба замини мешинад. Парвози баргашт низ пас аз якуним соат анҷом ва пешбинӣ мешавад ҳавопаймо соати 13:00 вориди «Тошканд » шавад.
Ҳамакнун билетҳои ин парвоз дар нуқтаҳои билетфурӯшии ширкати ҳавопаймоӣ ба фурӯш меравад.
Ба гуфтаи намояндагони ширкати ҳавопаймоӣ, теъдоди парвозҳо бастагӣ ба мусофирон дорад.
Дар ин миён намояндагони ширкати ҳавопаймоии Ӯзбакистон эълом карданд, ки мусофирон барои савори ҳавопаймо бояд натиҷаи манфии тести коронаро ироа диҳанд.
Парвозҳо байни «Тошканд » ва «Душанбе» рӯзи 16 марти соли гузаштаи милодӣ мутаваққиф шудааст.