Рубрики Хабарҳо

РАҶАБ МИРЗО

Ӯ рӯзноманигор аст. Ҳақиқатро менигорад. Ҳодисаро  аз тамоми ҷанбаҳои хубу зишташ, таъсироти мусбиву манфиаш мебинад, месанҷад, дар тарозӯи афкораш бармекашад ва бе тамаллуқ менигорад. 

Раҷаб Мирзо ҳар соат чандин хабар ё гузоришу муколама мегузорад. Ғайри саҳифаи шахсии худаш, як гурӯҳи ниҳоят маъруфу пурталотуми фейсбукиро, ки “Ахбор барои афкор” ном гирифтааст, пеш мебарад. 

Шояд ҳастанд нафароне, ки фитодаи гиру дори зиндагӣ санаро фаромӯш мекунанду рӯзи мавлудашон ноаён паси сар мешавад. Раҷаб ҳамон дӯсти беғаразест, ки новобаста аз кӣ касе будани аҳли фейсбук, ҳамагонро аввалин шуда бо рӯзи зодрӯзашон таҳният мегӯяд. 

Аз навиштаҳояш чунин бармеояд, ки барои ифшои ҳақиқат аз боду борони “замони хушомаду тарси пешомад” намеҳаросад, балки ҳамин зайл тамаллуқкоронро зери тозиёнаи танқид мегирад. 

Ана барои мисол порчае аз навишторашро мехонам:

“Баъзе аз сокинон зимни муроҷиат ва ё зикри номи  Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташ бо мардум, президентро баъзан “шоҳ”-у  “подшоҳ”, “султон” ва “сарвар”, “Қуръони миллат”, “Шоҳсутуни  Тоҷикистон”, “Мушкилкушои миллат”, “Марди Худодод”, “Раҳмони миллат”,  “Офтоби бахт” ном мебаранд.

Сабабҳои асосии чунин тарзи идеологиясозиро коршиносон ба чанд омил  вобаста медонанд. Пеш аз ҳама, чунин сиёсат ба он равона шудааст, ки  мақому ҷойгоҳи Эмомалӣ Раҳмонро барои насли нав ҳам муаррифӣ намоянд ва  дар дили онҳо муҳаббат ба раҳбари кишварро ҷо диҳанд.

Як сабаби дигарро ба манфиатҷӯии мансабдорону атрофиёнаш нисбат  медиҳанд, ки ин корҳоро анҷом дода, мақому дороиҳои худро ҳифз мекунанд.  Ин гунаҳо мехоҳанд аз президент як муҷассама  созанд ва ба ӯ хизмати хирсона карда, корҳои худро пеш баранд”

Шояд баъзеҳо гумон кунанд, ки муаллифи ин гуфтор чун дигар равшанназарон ва дигарандешон дар хориҷи кишвар ба сар мебарад. Аммо иштибоҳ мекунад. Ӯ дар Ватан аст. Аз мағзи ходиса дар ҷойи ҳодиса менависад. 

Раҷаб Мирзо санаи  10-уми августи соли 1973 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба дунё омада, мактаби №7 ва баъдан факултаи рӯзноманигории Донишкадаи Давлатии Миллии Тоҷикистонро хатм намуд.  Гӯё маҳз барои нигоштани ҳақиқат ба дунё омада бошад, ҳар куҷое, ки фаъолияти корӣ дошт, алоқаманди ҳамин самтанд. Дар Донишкадаи Миллии Тоҷикистон дарс мегӯяд, то мисли худ рӯзноманигоронеро асил парварда бошад. 

Сардабири ширкати  «» , сардабири ««, сардабири рӯзномаи “Рӯзи нав” буд, инчунин дар рӯзномаи «Чумхурят» ба ҳайси мудири шӯъба кор кардааст. 

Тавассути  гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор”  борҳо барои ниёзмандону дармондагони ҳолатҳои ногувори зиндагӣ кӯмаки хайрхонро расонида аст. 

Нафароне, ки дар эҳтироми ӯ қоиланд, бобаташ фикри худро чунин иброз доштаанд:  

Шарқшинос Абдуалӣ Ваҳобов дар бораи Раҷаби Мирзо дар саҳфаи фейсбукии худ  нигошта буд: “ Рачаб Мирзоро хамчун шахси худотарсу ҳалолкор ва поквичдон ғоибона мешиносам.Нафарони зиёде тавассути ӯ  ба кӯмаки моддӣ ниёз доштанашонро иброз медоранд. Агар хисоби бонкӣ кушояд барои кӯмаки таъҷилии беморон хуб мешуд”.

Аз ин навиштор бармеояд, ки дигар ба боварии мардум ҳам ноил гаштаасту дасти саховатмандонро то сари бепарасторон оварданро ҳам вазифаи пуршарафи худ донистааст. 

Ҷое дигар рӯзноманигори шинохта Салим Аҷоибзод бобаташ менависад: 

“Намехоҳам, ба иззати нафси касе расам ва мақсадам накуҳиш ё ситоиши бепоя нест, балки фикри худро мегӯям, ки Раҷаби Мирзо имрӯз яке аз беҳтарин журналистони Тоҷикистон аст, шояд беҳтарини беҳтаринҳо! Рӯзноманигорест бетараф ва одил, амиқандеш ва нозукбин, сару дилсупурдаи ин пешаи бузург, дардманди сухани ҳақ.

Лаҳни сунъӣ ё баландошёнаи кӯбанда надорад, балки бо фактҳои рушану дақиқ таҳлил мекунад ва ҳар ҷо агар эҳсосе дар навиштаҳояш медурахшад, муносибу зебанда ва ҳосили фактҳост, на ғарази шахсӣ.”

Гумон мекунед, ки Раҷаб Мирзо ошкорову бетамаллуқ менависад ва хушомадпарвардагони сари қудрати Ватан ноҳинҷор намешаванд? 

Мешаванд албатта! Гоҳо ба зорӣ, ба зӯрӣ, ба зар мехоҳанд сар фарорандаш, аммо бошад, ки ҳаргиз натавонанд. Дар фаъолияти минбаъдаи ин рӯзноманигори шуҷоъ барор хоҳонем. Қаламаш сабз!

Соима Саидӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *