Categories Хабарҳо

Тасвиби тарҳи ду трилиюн доллари муқобила бо коруно дар сенои Амрико

Сенои Амрико як баста муҳаррикҳои иқтисодӣ ба арзиши ду трилиюн доллар барои костан аз таъсири шуйӯъи COVID-19-ро тасвиб кардааст. 

Ин тарҳ шомили пардохти 1200 доллар ба бештари бузургсолон ва кумак ба касбу корҳои кӯчак барои пардохти ҳуқуқи кормандон мешавад. 

Ин тарҳ, ки ҷузиёти комили он ҳанӯз равшан нест дар сурати тасвиби ниҳойӣ бузургтарин маҷмӯаи муҳаррики иқтисодӣ дар таърихи Амрико хоҳад буд. 

Бо ин ҳол мунтақидон аз ҳар ду ҳизби демократ ва ҷумҳурихоҳ таҳдид кардаанд, ки монеъи тасвиби он хоҳанд шуд. 

Пештар Тим Скотт, Бен Сасс ва Линдси Грэм сенаторҳои ҷумҳурихоҳ гуфтанд, ки ин лоиҳа тавре танзим шуда, ки “кормандонро ташвиқ мекунад ба ҷойи он ки сари кор бираванд тарҷеҳ диҳанд бекор шаванд.” 

Онҳо дар баёнияе гуфтанд агар ин мушкил ҳал нашуд ё давлат итминон ҳосил накунад, ки ҳеҷ кас дар давраи бекорӣ ҳуқуқе беш аз ҳуқуқи иштиғол нахоҳад гирифт, “мутаассифона мо маҷбурем бо ин лоиҳа мухолифат кунем.” 

Дар муқобил сенатор Берни Сандерс, ки барои касби номзадии ҳизби демократ талош мекунад гуфт, ки ӯ ҳам бо ин тарҳ мухолифат хоҳад кард магар он ки ин се сенатор аз эътирози худ ба иборатбандии бахши марбут ба афзоиши бекорӣ сарфи назар кунанд. 

Ба гузориши хабаргузории Рейтерз оқои Сандерс гуфт: “Ман омодаам ин тарҳро мутаваққиф кунам магар он ки шарти қавитаре бар 500 миллиард доллар пуле, ки қарор аст сарфи рифоҳи компанияҳо шавад эъмол шавад.” 

Александрия Окасио-Кортес  намояндаи чапгаро аз Бронкси Ню-Йорк дар Кунгира ҳам ҷузиёти тарҳро “нигаронкунанда” хонд. 

Афизоиши сареъи омори ибтило дар Амрико 

Бар асоси шуморише, ки донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс анҷом медиҳад, омори ибтило дар Амрико акнун ба 68 ҳазору 572 маврид расидааст. 

Ин кишвар акнун баъд аз Чин ва Италия дорои болотарин омори беморон дар ҷаҳон аст. 

Иёлати Ню-Йорк бо беш аз 30 ҳазор мавриди ибтило осебдидатарин Иёлоти Амрико ба ҳисоб меояд. 

Аз сӯи дигар Доналд Трамп бори дигар таъкид кардааст, ки мардум мехоҳанд сари кор баргарданд чун дар ғайри ин сурат иқтисод зарба хоҳад хӯрд. 

Бо ин ҳол ба назар мерасад, ки мавзеъи раисҷумҳури Амрико нисбат ба рӯзи сешанбе каме мулоимтар шуда бошад. 

Ӯ қаблан гуфта буд “мо нисбатан ба зудӣ корро аз сар хоҳем гирифт… Хеле дилам мехоҳад то иди покӣ умур аз сар гирифта шавад.” 

Аммо ӯ чаҳоршанбе гуфт умедвор аст то иди покӣ — дувоздаҳуми апрел — битавонад дар мавриди гомҳои баъдӣ тасмим бигирад ва афзуд, ки “мумкин аст бахшҳое аз кишвар” дубора сари кор рафта бошад чун “бахшҳои бузурге аз кишвар ҳаст, ки таъсири каме гирифта.” 

Ӯ изофа кард, ки «ҳарчи бештар таътил бимонем” беҳбуди иқтисодӣ “сахттар мешавад.” 

Эндрю Куомо фармондори Ню-Йорк чаҳоршанбе гуфт нишонаҳое аввалия аз муассир будани тадобире мисли коҳиши тараддуд дар миҳори шуйӯъи вирус зоҳир шудааст.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *