Дар шаҳри Братски Русия шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷурми фурӯши ғайриқонунӣ ва қочоқи чӯбу тахта ба 5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.
Бино ба суди шаҳри Братск, шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон ба ҳайати гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи машғул ба фурӯш ва қочоқи чӯбу тахтаи ғайриқонунӣ тайёршуда дар ҳаҷми ниҳоят зиёд машғул будааст.
Гуфта мешавад, гурӯҳи ҷиноятпеша бастаи ҳуҷҷатҳои сохта тартиб дода, ба маблағи умумии зиёда аз 100 млн рубл чӯбу тахта фурӯхтаанд.
Дар хабар омадааст, “Суд мардро ба 5 соли зиндони низомаш сахт ва инчунин манъи машғул шудан ба фаъолияти хариду фурӯши чӯбу тахта ба муҳлати 1 солу 6 моҳ ва пардохти ҷарима дар ҳаҷми 400 ҳазор рубл маҳкум кард”.
Зикр мегардад, ки ба сифати ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо суд пурра иқрор шудан ба гуноҳ, пушаймонӣ аз содир кардани он, мусоидат ба ошкор кардани ҷиноят, фарзандони хурдсолро дар тарбия доштан ва вазъи солимии гунаҳкорро ба инобат гирифтааст.