Мусалмонон Амрикоро аз Христофор Колумб пештар кашф кардаанд. Христофор Колумб барои кашфи Амрико аз харитаи Муҳаммад Ал-Идрисии Қуртубӣ, ки дар солҳои 1099 то 1165 Андалус, Қуртуба тартиб ёфтаст, истифода бурдааст.
Дар гузашта, бисёр одамон ба омӯхтани пасту болои замин ва экосистемаҳои табиӣ, иқлим, тамоюлҳои муҳоҷират, мансубияти қавмӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳамкориҳои инсонӣ ва муҳити зист таваҷҷӯҳи худро зоҳир мекарданд. Мо ин мардумро ҷуғрофидонон меномем. Асрҳои миёна як асри тилоии омӯзишу кашфи «ҷаҳони бознашуда» буданд. Яке аз он олимони пурмаҳсулу сарсупурдаи ҷодаи иқлиму кишваршиносиро «падари ҷуғрофӣ» унвон додаанд, зеро ба ӯ саҳми муҳиму пурсаазое дар ин соҳа гузоштааст. Ин Муҳаммад ибни Муҳаммад ал-Идрисӣ, маъруф бо номи Шариф ал-Идрисӣ, олими ҷуғрофӣ ва картографии ҳама давру замон аст, менависад Афифа Табет.
Ал-Шариф ал-Идрисӣ соли 1100 дар Сабта (Сеута) таваллуд шуда, соли 1165/1166 дар Сицилия ё Сабта вафот кардааст. Вай насли пайғамбари Худо Муҳаммад (дуруди Худо бар олу асҳобашон) буд. Аҷдодони наздиктарини ӯ, Ҳаммудиён, насли Идрисидҳо, сулолаи Марокаш ҳастанд, ки наздикони Ҳасан ибни Алӣ , набераи калонии Паёмбар мебошад. Аш-Шариф ал-Идрисӣ унвони «аш-Шариф» -ро ба он муносибат гирифт, ки маънояш «марди асил» аст, ва албатта вобастаги бар пайдоишаш дорад. Мутаассифона, дар Сабта маълумоти бештаре бобати овони кӯдакии ӯ кам аст. Ягона чизе, ки мо медонем, ин аст, ки вай дар он ҷо маълумоти динӣ гирифтааст.
Дар айёми ҷавонии худ, Ал-Идрисӣ ба бисёр мавзеъҳои Африқои Шимолӣ ва Андалусия сафар кардааст. Вай дар ҳарду минтақа маълумоти дақиқ ҷамъ кардааст. Ал-Идрисӣ тасмим гирифт буд, ки дар Кордоба бимонад, то илмҳои гуногун, алахусус ҷуғрофияро омӯзад. Аммо ас аз хатми таҳсил қарори андешааш тағйир ёфту, тасмим гирифт, ки Кордобаро тарк кунад ва дар синни 16-солагӣ ба Аврупои Ғарбӣ, Испанияи Шимолӣ, Португалия, соҳили Атлантики Фаронса, ҷануби Англия ва Осиёи Хурд сафар кард. Баъдтар, вай ба кишварҳои гуногуни дунё сафарҳои васеътару тӯлонитар анҷом дод. Ҳар вақте ки ӯ сафар мекард, ӯ ду чизро мегирифт: қалам ва коғаз барои навиштани ҳама чизҳои дидаву шунидааш аз мавзеъҳое, ки дидан кардааст ва мушоҳидаҳояш аз иқлиму релефу тағйиротҳо.
Соли 1145 вай ба дарбори Роҷери II, подшоҳи Норман аз Сицилия даъват карда шуд. Роҷер II ҳамчун шоҳи донишманду ҳомии аҳли зеҳну савод шинохта шудааст, ки тарҷумаи асарҳои илмӣ ва фалсафии муаллифони араб ва юнониро ба лотин маблағгузорӣ кардааст. Вақте ки ӯ дар бораи ал-Идрисӣ ва сафари аҷоиби ӯ ва навиштаҳои ҷуғрофӣ шунид, ба ӯ нома фиристод, то ӯро даъват кунад, ки дар Сицилия ташриф орад. Ал-Идриси бо шоҳ Роҷер II мулоқот кард ва розӣ шуд, ки дар ҷазира бимонад. Тақрибан 1138 ӯ ба Палермо ба дарбори Роҷер II кӯчид.
Идрисӣ ба шоҳ мавқеи заминро дар фазо шарҳ дода, аз тухм истифода бурда заминро нишон дод. Ал-Идриси заминро бо тухме, ки дар қабати сафедӣ пӯшонда шудааст, муқоиса карда, ҳамон тавре ки замин дар осмон дар иҳотаи галактикаҳост. Роҷер II аз ӯ хоҳиш кард, ки барои ӯ харитаи дунёро тартиб диҳад ва ваъда дод, ки барои иҷрои ин лоиҳаи бузург ҳар аёнияти лозим омадаро фароҳам меорад. Ал-Идриси даъватро қабул кард ва зина ба зина ва бо диққат кор мекард, то ба ҳадафи худ бирасад.
Аввалин коре, ки Ал-Идрисӣ кард, як гурӯҳи иборат аз 12 нафарро таъсис дод, ки ба ӯ дар иҷрои вазифааш кӯмак расонанд. Вай беҳтаринҳоеро интихоб кард, ки бо усулҳои нави паймоиш, математика ва картография хуб буданд. Таҳти назорати дақиқи вай 12 нафар ҳама чизи роҷеъ бар техникаи нави паймоишро хонда, мутолиаву мушоҳидаҳояшонро баррасӣ карда, ҳисобу маълумот ҷамъ карданд.
Дуввум коре, ки ӯ ба ғайр аз ҷамъоварии маълумот дар бораи сафари худ кардааст, ҷамъоварии маълумот аз сӯҳбатҳое буд, ки бо маллоҳоне дошт, ки эшон низ дар минтақаҳои сафаркардаи ӯ сафарӣ буданду маълумоти бартару дақиқтаре ҳам нисбат ба донистаниву қайдҳои ӯ доранд. Аммо барои шоҳ Роҷер II ин нокифоя буд, вай бештар донистан мехост. Роҷер II тасмим гирифт, киштиҳои худро ба минтақаҳои қадамнорасида ва ноомӯхта фиристад. Ал-Идриси маллоҳони ҷасур ва пуртаҳаммул ва беҳтарин таҳиякунандагони ин маъмуриятро гирди ҳам овард, то вазифаи бар дӯш гирифташро амиқ анҷом диҳад.
Онҳо ба қисматҳои гуногуни ҷаҳон фиристода шуданд. Вақте ки мушоҳидагарон бар Шарқи Наздик, Шарқи Дур, Евразия, Африқо рафтанд ва аз » кишварҳои зимистоние, ки доиман осмонашон барфу боронрез буд, назар карданд ва диданд низ мавзеъҳое, ки ҳеҷ гоҳ нури гармидиҳандаи офтоб намерасад, шояд Исландия ё Гренландия бошад, ба таври муфассал он чизеро, ки диданд гуфтанду тасвирҳои худро нишон доданд. аз он ҳама сабти тасвиру мушоҳидаву омӯзишҳои 12 нафар ёридиҳандагон кори Ал-Идрисӣ ба шаклгирӣ оғоз кард.
Ана баъд Ал-Идрисӣ бо сохтани харитаи ҷаҳон ва ташкилу китобати дастури ҷуғрофӣ шурӯъ бахшид, ки то он дам дар дунё вуҷуд надошт.
Дар натиҷаи хидмати ӯ дар Сисилӣ дар тӯли 15 сол се корҳои асосии ҷуғрофӣ ба анҷом расиданд:
Як планисфераи нуқрагӣ, ки дар он харитаи ҷаҳон кашида шуд, низ харитаи ҷаҳонӣ тартиб дода шуд, ки аз 70 қитъа ташкил ёфта буд. Заминҳои шимоли экваторро ба 7 минтақаи иқлимии паҳнои баробар тақсим карданд, ки ҳар яке аз онҳо бо дарозии дароз ба 10 қисм тақсим карда шуданд; , матни ҷуғрофӣ, ки ҳамчун калидмӯҳтавое барои планисфера пешбинӣ шуд.
Агар каме муфассалтар дар бораи ин дастури тартибдодаи Идрисӣ гӯем, дар оғози иншо тасвири умумии Замин дода шудааст, он ба ҳафт иқлим (минтақаҳои васеъ) ва ба ҳар яке аз онҳо — ба 10 минтақа аз ғарб ба шарқ тақсим карда шудааст. Ҳамин тавр, 70 боби эссе бо 70 корти замима алоқаманд карда шудаанд. Дар харитаҳо тақрибан 2500 номгӯи объектҳо ва зиёда аз 6000 то дар матн мавҷуданд. Аз ҷумла, тавсифи кишвари ар-Русия ба фасли 5-и иқлими VI ва қисматҳои 4 ва 5-и иқлими VII дохил карда шуда, номҳои беш аз 20 шаҳрро дар бар мегирад.
Асари бузурги ҷуғрофияи тавсифии Ал-Идрисӣ бо номи Китоб Рудҷар ё Ал-Китоб ар-Рудҷари (Китоби Роҷер ё лотинӣ: Табула Рогериана) маъруф аст. Нақшаи нуқрагӣ гум шуд, аммо харитаҳо ва китобҳо то ин дам боқӣ монданд. Вай инчунин кӯшиш кард, ки ҷуғрофияи тавсифӣ ва астрономиро муттаҳид кунад. Асари асосии «Нузхат ал-муштак фи-хтирак алм-афак» моҳи январи соли 1154 ба итмом расидааст. . Дар пешгуфтори он Идриси дар бораи таваҷҷӯҳи шоҳ Роҷер ба ҷуғрофия ва фармоиши ӯ дар бораи тартиб додани китоби ҷамъбасти маълумоти географҳои юнонӣ ва арабӣ сухан меронад.
Барои эҳтиром ба ин ҷуғрофик ва картографи бузург, NASA хатсайрҳои маъруфи соҳили кӯҳии моҳвораи Планумро дар Плутон «кӯҳҳои ал-Идриси» номидааст.
(НАСА ин идораи миллии аэронавтика ва кайҳон як оҷонсӣ дар доираи ҳукумати федералии Иёлоти Муттаҳида мебошад, ки мустақиман ба Президенти Иёлоти Муттаҳида ҳисобот медиҳад.)
Инчунин Идрисӣ муаллифи иншо оид ба фармакогнозия (дорушиносӣ) буд. Танҳо чанд иқтибос аз кори ҷуғрофии «Рауд ал-ун ва нузхат ан-нафс» («Боғи меҳрубонӣ ва дилхушии рӯҳ»), ки барои Вилям I тартиб дода шудааст, боқӣ мондааст. Порчаҳои шеърии ӯ ва як қабил навишторҳои пурмаънои адабиаш ҳам маълуманд.
Соима Саидӣ