ВКД сабаби боздошти Бобои Донаро шарҳ дод ва суолҳои зиёде барангехт
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пас аз се рӯзи сарусадоҳо дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, дар бораи зиндонӣ шудани Дона Набиев ё Бобои Дона маълумот нашр кард ва ҳабси ӯро эътироф кард. Маълум гашт Бобои Дона ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст.
Ба иддаои вазорат, Бобои Дона дар содир кардани ҷноятҳои махсусан вазнин гунаҳкор дониста мешавад. Аммо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва коршиносон ба иддаъои ВКД бовар намекунанд ва бисёре аз корбарон онро ба масхара гирифтаанд.
Ин ҳам матни пурраи хабари ВКД:
Маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад:
27 августи соли 2020 аз ҷониби мақомоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд Набиев Дона, соли таваллудаш 1940, зодаи ноҳияи Файзобод, истиқоматкунандаи деҳаи Гулбуттаи ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин боздошт гардида, баъди анҷоми тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати ӯ, аз тарафи Суди ноҳияи Рудакӣ дар асоси моддаи 3073 қ. 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) ба муддати 7 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.
Набиев Дона дар солҳои ҷангӣ таҳмилии шаҳрвандӣ, ки тавассути ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон сурат гирифт, дар куштори оммавии сокинони маҳаллии вилояти Хатлон иштирок кардааст. Ӯ дар сохтори собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ ба ҳайси “қозӣ” фаъолият намуда, сокинони бегуноҳи ҷумҳуриро ба ҷазоҳои вазнинтарин, ҳатто то ҳукми қатл, маҳкум мекард. Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 тамоми ҷиноятҳои содирнамудаи ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афв гардида буданд.
Бо вуҷуди он, ки собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ 29-уми сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон гардида, фаъолияташ манъ карда шуд, Набиев Дона кирдори ҷинояткорона ва зиддиқонуниашро идома додааст. Аз ҷумла:
− маблағҳои пулии аз тарафи хадамоти махсуси давлатҳои муайян ҷудошударо, тариқи истифодаи масири интиқоли маблағҳо аз кишварҳои сеюм қабул намуда, онҳоро барои паҳнкунии ғояҳои ифротӣ, харидорӣ, нашр ва густариши адабиёти экстремистӣ, ҷалб ва сафарбар намудани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ҷиҳодӣ сарф мекард;
− миқдори муайяни маблағҳоро тавассути ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ҷиҳати дастгирии молиявии аъзоёни қаноти ҷангии ташкилоти террористии собиқ ҲНИ – «Ҷамоати Ансорруллоҳ» ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интиқол додааст;
− қисми боқимондаи маблағҳоро барои манфиатҳои шахсии худ истифода кардааст.
Зимни таҳқиқу тафтиши парванда амалҳои ҷиноятии Набиев Дона тавассути нишондодҳои шахсони воқеӣ ва далелҳои шайъӣ пурра тасдиқи худро ёфтанд.
Бояд зикр кард, ки мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама дар назди қонун баробаранд ва ҳар як шаҳрванд, новобаста аз ҷинсият, синну сол (баъди расидан ба балоғат) дар назди қонун барои кирдорҳои ҷинояткоронааш тибқи ҷазои дар моддаҳои қисми махсуси ҳамин кодекс пешбинишуда ҷавоб мегӯяд.
Билофосила баъди нашри ин хабари ВКД, Сайидюнуси Истаравшанӣ, яке аз фаъолони мухолиф ва узви Шӯрои ПМТ онро ба таҳрир кашидаву чанд суол ба ВКД ироа кардааст:
Чанд мулоҳиза бар баёнияи Вазорати корҳои дохилӣ роҷеъ ба зиндонӣ кардани Бобои Дона:
1) ВКДТ ҳеч баёнияе дар мавриди сабаби зиндонӣ шудани Бобои Дона содир намекард агар ин ҳама фишор аз тарафи ҷомеаи шаҳрвандӣ бар тасмими ҳамоқатомези ҳукумат сурат намегирифт. Мақомот пас аз ин ҳама фишорҳо, чорае надоштанд ҷуз ин ки бо судури баёнияе ин рафтори ғайриинсонии худро тавҷеҳ кунанд.
2) Мухолифон дақиқан ҳаминро мехостанд, ки ҳукумат водор ба посухгӯӣ шавад, ки шуд.
3) Дар қадами аввал, ҳукумат “ферма”-ро басиҷ кард, то “ферма” коре кунад, ки обрӯи ҳукумат дигар беш аз ин нарезад. “Ферма” аммо дар матолибе, ки мунташир кард, сабаби зиндонӣ шудани Бобои Донаро ҳамон донист, ки дар забони мухолифон ҷорӣ шудааст, яъне “кӯмак ба зиндониёни сиёсӣ ва хонаводаҳои онон”. Ва ҳақиқат ҳам ҷуз ин нест. (Азизон ба матолиби мунташиршуда аз сӯи “Ферма” дар ду рӯзи ахир диққат кунанд.) Аммо ҳоло ҳукумат дид, ки аз дасти “ферма” коре сохта нест. Аз ин рӯ, ВКДТ худаш даст ба кор шуд ва ин баёнияро содир кард.
4) ВКДТ дар баёнияи худ роҷеъ ба иллати воқеъии ин боздошт ва зиндонӣ кардан, кучактарин ишорае накардааст. Чаро? Зеро ки хуб медонад кӯмак ба зиндониён – ҳар навъ зиндоние аз ҷумла сиёсӣ – аз назари қонунҳои ҷорӣ дар кишвар, коре хилофи қонун ба шумор намеравад, ки анҷомдиҳандааш мустаҳиққи муҷозот бошад. Ва асосан, далели “пушти дарҳои баста” ва таҳти унвони “сиррӣ” баргузор шудани додгоҳи Бобои Дона ҳамин аст.
5) Хуб, ҳоло ҳукумат дар тавҷеҳи рафтори ҳамоқатомезаш дар ба зиндон афкандани Бобои Дона чӣ бигӯяд?! Азизон матни баёнияи ВКДТ-ро бо диққат мутолеа кунанд. Дар ин баёния — ки комилан равшан аст бо як ъаҷала ва саросемавор навишта шудааст – шумо ҳар навъ иттиҳомеро, ки ба зеҳни нависандаи он расида пайдо мекунед, аз ҷумла:
— Бобои Дона як “киллер ва одамкушу қотили ваҳшие” будааст;
— Бобои Дона “муфтӣ ва қозӣ”-и ҲНИТ ҳам будааст; матлабе, ки
ҳатто ба зеҳни аҷинна ҳам намерасад, зеро касоне ки Бобои Донаро мешиносанд, хуб медонанд, ки ин бандаи Худо на иддаои муфтӣ буданро дошт ва на иддаои қозӣ будан ва на ҳатто иддаои олим буданро. Як инсони хайрхоҳе беш набуд;
— Бобои Дона дар замони ҷанги шаҳрвандӣ муртакиби “ҷиноятҳое” шуда будааст. Ин яъне фатҳи боби парвандаи ҷанги шаҳрвандӣ, ки зоҳиран бобаш баъд аз имзои Созишнома баста шуда ва Раҳмон ба шири модар (ё намедонам ба кадом чизе) савганд ёд карда буд, ки ҳар касе дар бораи он сухан ба забон оварад, ӯ хиёнаткор аст. (Ё чизе ба ҳамин мазмун, ки дақиқан ёдам нест.)
— Бобои Дона шабеҳи касе мисли Бен Лодан ва ё Бағдодӣ “теруристи байналмилалӣ” ҳам будааст ва ба ҷамоати “Ансоруллоҳ” дар Афғонистон кӯмак мекардааст. (Азизон лутф кунанд ба чеҳраи ин пирамарди нуронии 87-сола нигоҳе биандозанд ва он гоҳ дар бораи ин иттиҳоми ВКДТ доварӣ кунанд!)
Ин аст тавҷеҳи мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин пирамарди бечора, ки гуноҳе ҷуз кӯмак ба зиндониёни сиёсӣ ва хонаводаҳои онҳо надорад.
* * *
Ҳоло, пас аз ин баёния ва ин ҳама иттиҳомоти “ҳоливудӣ”, ин пурсиш барои ҳукумат матраҳ аст, ки бояд посух бигӯяд:
Ин ҳама иттиҳомот, ки ба домани ин пирамарди 87-сола задаед, чӣ гуна метавонед онро собит кунед? Далелу мадраки шумо дар ин иттиҳомот кадомҳост?
Оё ҳозиред видеои ин додгоҳро расонаӣ кунед, то собит кунед, ки ҳарфҳоятон рост аст?
Оё Бобои Дона вакили мудофеъе дошт?
Оё Бобои Дона ин иттиҳомотро қабул кард?…
Ва чанд ”оё”-и дигар, ки сари фурсат марқум хоҳем намуд.