Рубрики Хабарҳо

Байден дар Шӯрои амнияти миллӣ барои ОМ ниҳод ташкил медиҳад

Ҷо Байден, Президенти тозамунтахаби Амрико  тасмим гирифтааст, ки Шӯрои амнияти миллиро бозсозӣ кунад. Дар ин Шӯро як ниҳоди алоҳидае ташкил мешавад, ки ба масоили Русия ва Осиёи Марказӣ машғул хоҳад шуд.

Тими Байден аллакай эълон кард, ки ин ниҳоди навро Андреа Кендалл-Тейлор – корманди собиқи мақомоти амниятии Амрико роҳбарӣ хоҳад кард.

Ташкили чунин ниҳоди вижаи Русия ва Осиёи Марказӣ дар Шӯрои амнияти миллии Амрико ба ин маъност, ки дар замони раёсати Б айден муносибатҳо бо Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дигарбора дар авлавият қарор мегиранд.

Дар замони раёсати Барак Обама ва Ҷорҷ Буши хурдӣ дар дастгоҳи Шӯрои амнияти миллии Амрико як ниҳоди вижаи Русия вуҷуд дошт, вале Доналд Трамп онро барҳам дода, масоили сиёсати Амрико дар робита ба Русияро ба бахши аврупоии Шӯрои амнияти миллӣ вогузор карда буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *