Рубрики Хабарҳо

Укроин эътиборномаи сафири Эрон дар Киевро лағв кард

Давлати Укроин эътиборномаи сафири Эрон дар Киевро ба далели ирсоли паподҳои ҷангии ин кишвар ба Русия лағв кард. Мақомоти укроинӣ аз Эрон хостанд теъдоди коркунони сафорати худ дар Киевро низ коҳиш диҳад. 

Вазорати умури хориҷаи Укроин рӯзи якшанбе 24 сентябр эълом кард сафири Эрон дигар наметавонад ба тааҳҳудоти худ дар кишвари мизбон амал кунад ва бояд ба Теҳрон бозгардад. Илова бар ин, сафорати Эрон дар Киев коркунони дипломатики худро бояд ба мизони қобили таваҷҷуҳе коҳиш диҳад. 

Вазорати хориҷаи Укроин ҳамчунин эълом кард иқдоми Эрон барои таҳвили таслиҳот ба Русия дар ҷанг “иқдоми ғайри дӯстона” аст ва зарбае ҷиддӣ ба равобити Укроин ва Эрон ворид мекунад. 

Ба гуфтаи манобеъи укроинӣ дар ҳамлаи Русия бо паҳподҳои эронӣ ба шаҳри бандарии Одесса як ғайри низомӣ кушта шудааст. 

Артиши Укроин эълом кард нерӯи ҳавоии ин кишвар як паҳподи шоҳиди 136 сохти Эронро бар фарози дарё сарнагун кардааст. Артиш баъдан гузориш дод, ки чаҳор паҳподи дигари эронӣ низ дар ҷануби ин кишвар сарнагун шудаанд. 

Ниҳодҳои иттилооти Амрико дар авохири моҳи август гузориш доданд, ки Русия ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини эрониро харидорӣ кардааст то аз онҳо дар “ҷанги таҷовузкорона”-и худ алайҳи Укроин истифода кунад. 

Барномаи паҳподҳои Эрон дар солҳои ахир густариш ёфта ва ин кишвар онҳоро ба Яман, Ироқ, Сурия ва Лубнон низ содир кардааст, аммо ин нахустин бор аст, ки Эрон аз ин паҳподҳо дар хориҷ аз Ховари Миёна истифода кардааст. 

Русия ва Эрон ин гузоришро то кунун таъйид ё такзиб накардаанд. Таҳвили паҳподҳои размии Эрон низ ба таври расмӣ таъйид нашудааст. 

Сухангӯи Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин дар фейсбук навишт: “фурӯши ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Эрон ба Русия бар хилофи ҳокимият ва тамомияти арзии кишвари мо ва ҷону саломатии шаҳрвандони укроинӣ аст”. 

Ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин нақши муҳимме дар ҷанги Укроин дар ҳамалот ва партоби бомбаҳои кӯчак ва ҳамчунин дар амалиёт шиносоӣ ифо мекунанд. 

Рӯзномаи “Волл стрит журнал” рӯзи шанбе 17 сентябр ба нақл аз фармондеҳони укроинӣ навишт, ки Русия ахиран бо паҳподҳои интиҳории эронӣ ва дар аввалин истиқрори густурдаи як сомонаи таслиҳоти хориҷи аз замони оғози ҷанг, осеби ҷиддӣ ба нерӯҳои Укроин ворид кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *