Рубрики Хабарҳо

Тоҷикистон 2500-солагии «Тахти Сангин»-ро ба ЮНЕСКО пешниҳод кард

Тоҷикистон ба ЮНЕСКО пешниҳод кардааст, ки 2500 — солагии ёдгории Шаҳристони «Тахти Сангин» — и ноҳияи Қубодиёнро ба рӯйхати ҷашнҳо ворид намояд

Ба иттилои рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз ЮНЕСКО кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ ба ЮНЕСКО пешниҳод намуданд, , ки «Тахти Сангин» — и ноҳияи Қубодиёнро ба рӯйхати ҷашнҳо ва бузургдоштҳое, ки созмон солҳои 2022 — 2023  дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил мекунад, ворид намояд.

Гуфта шудааст, ки «Ҳуҷҷатҳои лозима, аллакай, ба  ЮНЕСКО пешниҳод шудаанд. Агар дархости мо пазируфта шавад, соли 2022  — ум 2500 — солагии ин ёдгории нодир дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил хоҳад шуд».

Шаҳристони «Тахти Сангин» ёдгории нодири асрҳои lV то милод – III милодӣ буда, дар баробари Қалъаи Ҳисор, Дайри буддоии Аҷинатеппа, мадрасаи Хоҷа Машҳад ва шаҳри Ҳулбук барои ворид шудан ба Феҳристи ҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО пешниҳод шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *