11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Русия соли 2020 беш аз 10 000 хориҷиро ихроҷ кардааст

Дар 11 моҳи соли 2020 иҷрочиёни суд бо қарори суд зиёда аз 10 ҳазор шаҳрвандони хориҷиро, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия буданд, аз ин кишвар хориҷ карданд. 

Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ дода навиштааст, ки роҷеъ ба ин масъала ба маводи омории Хадамоти федералии иҷрочиёни суд ошно шудааст,.

Ба иттилои манбаъ дар маводи омории Хадамоти федералии иҷрочиёни суд гуфта шудааст, ки «Шумораи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки воқеан аз Федератсияи Русия хориҷ карда шудаанд, 10 775 нафарро ташкил медиҳад». Дар байни онҳо 40 ноболиғ низ ҳастанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии Хадамоти федералии иҷрочиёни суди Русия, то 1 декабри соли гузашта 2504 шаҳрванди хориҷӣ бояд ихроҷ карда мешуданд, ки 595 нафари онҳо дар муассисаи махсус нигоҳ дошта мешуданд.

Дар муқоиса бо соли 2019, дар соли 2020 шумораи хориҷиҳое, ки бо қарори суд ихроҷ карда шуданд, ба таври назаррас коҳишро нишон медиҳад. Танҳо дар нӯҳ моҳи соли 2019, иҷрочиёни суд 26 ҳазор шаҳрванди хориҷиро аз қаламрави Русия хориҷ карда буданд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *