Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба тағирот дар паёмрасони Ватсап вокуниш нишон дод.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи сешанбе гуфт: “Паёмрасони Ватсап қасд дорад иттилооти шахсии корбарони Туркияро бо шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба иштирок бигзорад”.
Эрдуғон Ватсапро муттаҳам кард дар ҳоле, ки шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупоро аз ин достон муъоф карда аз корбарони Туркия хостааст иттилооти худ барои он паёмрасон ирсол кунанд.
Ду рӯз қабл дафтари матбуотии раёсати Ҷумҳурии Туркия эълом кард Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва чанд вазоратхонаи ин кишвар ҳисобҳои корбарии худ дар Ватсапро боздоштанд ва ба шабакаи паёмнависии Cell Bip BiP пайвастанд.
Тағирот дар шароит ва хадамоти Ватсап, ки аз ҳаштуми феврал иҷроӣ мешавад ба ин апликишин иҷоза медиҳад иттилооти корбаронро бо Фейсбук -ширкати модарии худ- ба иштирок бигзорад.
Корбарон бояд бо шароити ҷадид, ки ба онҳо иҷозат медиҳад ҳадафи таблиғи маълумоти шахсияшон дар Фейсбук қарор гиранд ва ба ин мувофиқат кунанд дар ғайри ин сурат дастрасӣ ба ҳисобҳояшон дар Ватсапро аз даст медиҳанд.