Рубрики Хабарҳо

Иттиҳодияи Аврупо аввалин бор барои тавлиди силоҳ буҷа ихтисос дод

Парлумони Аврупо рӯзи панҷшанбе бо ихтисоси будҷаи 500-миллионевроӣ ба зарфияти тавлиди таслиҳоту муҳиммот аз ҷумла мушакҳои замин ба замин ва оташи тӯпхонаӣ мувофиқат кард. 

Комиссияи Иттиҳодияи Аврупо ин тарҳро ду моҳ пеш ба парлумони ин Иттиҳодия пешниҳод карда буд. Ин тарҳ бидуни мухолифати ҷиддӣ аз сӯи гурӯҳҳои сиёсии мухталиф дар парлумони Аврупо ба тасвиб расид. 

Брандо Бенифи, намояндаи итолиёии парлумони Аврупо, ки узви гурӯҳи сотсиалистҳо аст дар бораи тасвиби ин тарҳ ба Евронюз гуфтааст: “мо набояд аз ҳимоят аз зарфияти дифоъиамон монанди он чи бо ин тарҳ анҷом медиҳем худдорӣ кунем. Ба ҳамин тартиб хоҳад буд, ки метавонем итминон ҳосил кунем, ки Укроин бо камбуди муҳиммот барои дифоъ аз худ дар баробари таҳоҷуми низомӣ рӯ ба рӯ намешавад.” 

Вилл Ниинисто, намояндаи финландии парлумони Аврупо низ ба Евронюз гуфтааст, ки муҳиммоте, ки бо будҷаи таъйиншуда тавлид хоҳад шуд ба таври мушаххас ба Укроин ихтисос меёбад. Вай афзуд: “дар марҳалаи дувум зарфияти таслиҳотии худамонро, ки бо ҳимоят аз Укроин коҳиш пайдо кардааст таъмин мекунем.” 

Ин барои аввалин бор хоҳад буд, ки Иттиҳодияи Аврупо ба таври мустақим буҷаеро ба тавлиди силоҳ ихтисос медиҳад. Амре, ки баҳонаи нохурсандии бархе аз намояндагони чапгарои парлумони Аврупоро фароҳам кардааст. 

Марк Бутенга, намояндаи парлумони Аврупо ба таври хосс дар ин маврид ба “фоидаҳои калон”-и ширкатҳои фаъол дар арсаи тавлиди таслиҳот ишора мекунад. 

Ӯ мегӯяд: “ҷанги Укроин барои ширкатҳои таслиҳотӣ як неъмат буд. Онҳо суди калон касб мекунанд ва мо ҳам кумаки ҳазина барои тавлидоташон ихтисос медиҳем. Ин иштибоҳи бузурге аст.” 

Қарор аст ҳазинаи ихтисосёфта ба тавлиди таслиҳот ва муҳиммот аз маҳалли ду радифи буҷаи мухталифи Иттиҳодияи Аврупо таъмин шавад. Интизор меравад, ки тарҳи тасвибшуда то пеш аз таътилоти тобистонӣ ба таъйиди ниҳоии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо бирасад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *