Додраси додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Зафар Қодирзода дар Душанбе боздошт шуда ва алайҳаш аз тарафи Додситонии кулли Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Қодирзода моҳи декабри соли 2022 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ба вазифаи додраси додгоҳи Бадахшон таъин шуда буд, аммо ҳафтаи гузашта дар ҳудуди шаҳри Душанбе боздошт шудааст. Тибқи иттилоъи Радиои Озодӣ нисбати Зафар Қодирзода бо иттиҳоми “гирифтани пора ва қаллобӣ” парванда боз кардаанд.
Додрасро ба содир кардани ҷиноятҳо замони кораш дар шаҳри Ваҳдат ва баъдан дар ВМКБ гунаҳкор медонанд.
Тибқи қонунҳои Тоҷикистон барои боздошту муҳокимаи парвандаи додрасҳо бояд Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, фармони барканориашро содир ва порлумони кишвар онро тасдиқ кунад.
Ҳанӯз фармони барканории Зафар Қодирзода дар сомонаи раисҷумҳури Тоҷикистон нашр нашудааст.
Тибқи иттилоъи манбаъ, “ӯ ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешавад ва рӯзҳои наздик фармони барканориашро бояд раисҷумҳур имзо кунад.”
Соли гузашта боздошт ва зиндонӣ шудани чанд додраси тоҷик расонаӣ шуда буд. Аксари додрасҳо ба гирифтани ришва муттаҳам шудаанд.
Аз ҷумла, моҳи октябри соли гузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон Раҳмиддин Раҳимзода, додраси собиқи додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанберо бо гуноҳи гирифтани ришва ба панҷ соли зиндон маҳкум кард.
Рузи 11-уми ноябри соли 2022 раиси собиқи Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Ҳомидҷон Муҳаммадзода ва зердасти ӯ Рустам Муҳаммадсаидзодаро, ки барои гирифтани пора айбдор буданд, ба ду солии зиндон маҳкум карданд.
Мақомот ошкоро намегӯянд, ки додрасҳо чӣ гуноҳ кардаанд, аммо баъзе аз манобеъ қазияи онҳоро бештар ба ришваситонӣ пайванд медиҳанд.
Дар фармони барканори онҳо, ки Эмомалӣ Раҳмон имзо мекунад, далели барканории онҳо “рафторе, ки шаъну шарафи судяро паст мезананд”, номида мешавад.