Дар чанд ноҳияи кишвар аз қабули аризаҳо барои дарёфти шиносномаи хориҷӣ худдорӣ карда гуфтаанд, ки додани шиносномаҳо муваққатан қатъ шудааст. Як манбаъи Паём аз Вазорати корҳои дохила гуфт, ки сабаби ин тасмими мақомот пешгирӣ аз ҳиҷрати саросарӣ будааст.
Ба гуфтаи ин мақомдори ШВКД, ҳазорон нафар тасмим гирифтаанд баробари кушода шудани роҳҳо кишварро барои ҳамеша тарк кунанд. “Мувофиқи маълумоте, ки ба вазорат расидааст, ҳазорҳо нафар ҳамроҳ бо оилаашон барои кӯчидан ба Русия омодагӣ мегиранд. Маълумотҳое ҳаст, ки шахсони зиёде ба Аврупо рафта, паноҳанда шуданӣ ҳастанд”, — гуфт ӯ.
Ба гуфтаи манбаъ чунин шумори бузурги хоҳишмандони тарки кишвар собиқа надошта, тарси мақомот ҳам аз он аст, ки як қисми онҳо ба мухолифин мепайванданд. Ҳамчунин манбаъ таъкид кард, ки қатъи додани шиноснома саросарӣ набуда, интихобӣ аст. “Ҷавоби рад на ба ҳама дода мешавад. Агар аз тарафи раисони маҳаллаву ҷамоъатҳо ва нозирони минтақавӣ тасдиқ шавад, ки ин нафар шубҳанок нест, тарафдори мухолифон нест, шиноснома дода мешаад” — изҳор дошт манбаъи мо.
Азимҷони Ваҳҳоб, кршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд “ин масъала қаблан ҳам вуҷуд дошт, аммо тамоюли саросарӣ набуд. Баъд аз соли 2015 ва ташдиди фишори равонӣ, таъқиб ва зиндонӣ кардани садҳо нафар тамоюли гурез аз ватан зиёд шуд, ки қишри мазкур ба хотири халос шудан аз озору азияти мақомот фирор мекунанд ва ҳадафашон ба эҳтимоли зиёд пайдо кардани макони амн ва бехатар аст. Ин қишр иборат аз мағзҳои кишвар ба монанди журналистону ҳуқуқшиносон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, мунтақидони ҳукумат ва хонаводаи инҳо ҳастанд”.
Ба андешаи ӯ қишри дигаре ҳам вуҷуд дорад, ки ба хотири вазъияти бади иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва “набудани ҷойи кор ва аз сӯи дигар адами вуҷуди ирода барои тағйири вазъи мавҷуд тавассути ҳукумат, умед ба зиндагӣ дар кишварро аз даст додаанд ва дигар намехоҳанд дар кишваре, ки ҳатто барои зиндагии рӯзона пайдо кардани пул мушкил аст, зиндагӣ кунанд”.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Узбекситону Русия санадҳое ба имзо расониданд, ки сафари муҳоҷирони кории узбек ба Русия ва ҳуҷҷатгузориву дарёфти кори онҳоро бамаротиб осонтар менамояд. Охири моҳи гузашта Вазорати меҳнати Узбекситон бо ширкати давлатии “Маркази шиносномаву визадиҳӣ”-и ВКД Русия созишнома ба имзо расонд.
Тибқи ин созишнома дар Узбекситон намояндагиҳои ин “Маркази шиносномаву визадиҳӣ”-и Русия боз мешавад, ки дар натиҷа шаҳрвандони кишвари ҳамсоя метавонанд иҷозаи корро дар ватанашон дастрас карда, сипас сафар намоянд. Ин кор миллиардҳо рубл ва ҳади ақал як моҳи муҳоҷирони узбекро сарфа мекунад.
Азимҷони Ваҳҳоб мегӯяд “дар воқеъ тарси ҳукумат на аз фирори мардум, балки аз зиёд шудан сафи мухолифин дар хориҷи кишвар аз ҳисоби ин қишрҳои фирорӣ аз ватан аст. Ва мехоҳад бо роҳи сунъӣ пеши роҳи ҳиҷрати саросариро бигирад. Ба ҳамин хотир ба назар мерсад, ҳукумат кишварро ба як зиндони норозиён табдил додааст”.
Дар ҳамин ҳол, Узбекистони ҳамсоя на танҳо кори муҳоҷирони кориашро осонтар мекунад, балки барои камтар кардани тасф дар ҷомеъа, ки аз бӯҳрони бавуҷудомада аз вируси коруно болотар рафтааст, иқдомҳои башардӯстонаи дигареро ҳам рӯи даст гирифтааст. Аз ҷумла тибқи иттилоъи расонаҳои ин кишвар, мақомоти он нахустин маҳбаси сукунатиеро дар вилояти Қашқадарё, ки тобеи Раёсати иҷрои ҷазои Вазорати умури дохилии ин кишвар буд, пурра баст. Ин иқдом санаи 12-уми январ амалӣ шуд ва зиндониёне, ки дар ин маҳбас адои ҷазо мекарданд, қисман озод ва қисман ба муассисаҳои ислоҳии дигар интиқол дода шуданд.
Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев 29-декабри соли гузашта, яъне ҳмагӣ ду ҳафта қабл аз баста шудани нахустин зиндон дар кишвараш, дар паёми худ ба порлумон гуфта буд, ки тасмим доранд, шумори маҳбасҳои сукунатиро дар кишвараш 25 адад кам кунанд.
Мирзиёев изҳор дошт, ки «имсол қарор аст, шаш маҳбаси сукунатӣ дар вилоятҳои Тошканд, Ҷиззах, Қашқадарё ва Сурхандарё баста шавад. Бештари зиндониён озод хоҳанд шуд. Вале дар миёнашон онҳое низ ҳастанд, ки ба зиндонҳои дигар интиқол дода мешаванд».
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон як зиндони нав ба истифода дода шуда, сохтмони ду зиндони дигар идома дорад. Зиндонҳои Тоҷикистон ҳамеша бештар аз ончи пешбинӣ шудааст зиндонӣ қабул мекунанд ва гоҳе дар ҷои як нафар 2-3 нафар ба сар мебаранд.
Аммо сохтмони зиндонҳо танҳо иқдоми зиддибашарие нест, ки мақомоти Тоҷикистон рӯи даст гирифтаанд. Дар ин авохир бо бештар шудани садоҳои эътирозӣ таъқибу боздоштҳо низ дар дохилу хориҷ афзоиш ёфтааст. Ба хотири фишор бар муҳоҷирони бедоршудаистода, ки ҳар рӯз садоҳои эътирозии даҳҳо нафари нав дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо мешаваднд, мақомот мекӯшанд афроди таъсиргузор байни муҳоҷиронро зери назорат бигиранд. Онҳое, ки аз рафтан зери назорати мақомоти қудрати Тоҷикистон сарпечӣ мекунанд, барояшон парвандаҳо омода ва ба мақомоти Русия фиристода мешавад. Гуфта мешавад боздошти пурсарусадои Ҳоҷӣ Ҷаббору дар Маскаву Саидасрор Мирзоев дар Самара ба ҳамин масъала рабт мегирад.
Тасмими ахири мақомот мабнӣ бар маҳдуд кардани додани шиносномаи хориҷӣ метавонад ҳазорҳо нафарро аз нони муҳоҷират, ки то ин замон дарёфт мекарданд маҳрум кунад. Ҳамчунин, ба гуфтаи Азимҷони Ваҳҳоб “рӯзе ҳатман инфиҷори бузурги иҷтимоӣ рух хоҳад дод, ки яке аз далелҳояш ба эҳтимоли зиёд, бо роҳи зӯр пеши роҳи фирори мардумро гирифтан бошад”.