Рубрики Хабарҳо

Қодиров мукофоти миллиондолларӣ ваъда кард

Дар як паёми аудиоӣ дар саҳифаи шабакаи иҷтимоӣ раиси вилояти  Чеченистон Рамазон Қодиров эълон кард: “Ҳар касе, ки ҷойи дастаҳои ҷанговарони ихтиёрии Шайх Мансуриён ва Дудаевчиёнро хабар диҳад, барои маълумот  як  миллион доллар мукофот медиҳам. Мо онҳоро набояд беназорат гузорем, балки бояд несту нобуд кунем.”

Қаблан Қодиров гуфта буд, ки нерӯҳои вижаи чечен, ки дар ҷанги Украина ширкат доранд, барои аз байн бурдани зархаридон дар Ҷумҳурии мардумии  Луҳанск кор мекунанд. Вай гуфт, ки ҳоло ба онҳо умдатан баталёнҳои дохилӣ, гурҷӣ ва дигар баталёнҳои «ҷиноятӣ» шомил шудаанд.

Бояд гуфт, ки Шайх Мансур ва Ҷаҳар Дудаев яке аз шинохтатарин мухолифини Чеченистон буданд, ки байни хеле мардуми ин кишвар ҳамчун қаҳрамони миллат дониста мешаванд. 

Мавриди тазаккур аст, ки раҳбари Чеченистон ҳанӯз қабл аз оғози ин ҷанги мудҳиш пайваста ҷонибдориаш аз забти кишвари Украинаро ошкоро мегуфт. Ӯ дар Русияву хориҷ аз он ҳамчун як зердасти сарсупурдаи Владимир Путин ном баровардааст. 

Рамазон Қодиров баъди падараш Аҳмад Қодиров мансаби курсии раисии вилояти Чеченистонро соҳиб шудааст. Духтараш  Ҳутмат Қодирова ҳанӯз дар 19 солагӣ муовини раиси котиботи раисҷумҳурӣ таъин шудааст ва духтари 23-солаи Қодиров дар вазифаи вазири фарҳанги Чеченистон фаъолият дорад. Писари 13 солааш Одам аллакай идораҳои сохтумонии ҷумҳуриро назорат мекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *